Ноябр 04, 2019 19:29 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши вазорати хориҷаи Ироқ ба ҳамла ба консулгарии Эрон дар Карбало

​​​​​​​Вазорати умури хориҷаи Ироқ, имрӯз (13 обонмоҳ), бо судури баёнияе ҳамла ба бинои Консулгарии Эрон дар Карбалоро маҳкум кард.

Дар ин баёния омадааст, вазорати хориҷаи Ироқ ба тааҳҳуди худ нисбат ба ҳимоят аз ҳайатҳои дипломатӣ, ки дар тавофуқномаи равобити дипломатии Вена бар он таъкид шуда, пойбанд аст ва бар ин масъала таъкид дорад, ки амнияти марокиз ва ҳайатҳои дипломатӣ набояд ба хатар биафтад.

Ба гузориши ИКНА, вазорати хориҷаи Ироқ бо ишора ба ин ки амнияти ҳайатҳо ва консулгариҳо, хатти қирмизӣ аст, ки наметавон аз он убур кард, ёдовар шуд: “масъулони амниятӣ, иқдомоти лозимро анҷом додаанд, то ба амнияти ин ҳайатҳо, ҳеҷ осибе ворид нашавад”. Дар ин баёния омадааст: “ҳаводиси рух дода дар Консулгарии Эрон дар Карбало боиси нахоҳад шуд, ки дар равобити дӯстона ва ҳусни ҳамҷаварӣ байни ду кишвари ҳамсояи Эрон ва Ироқ халале эҷод шавад. Ёдовар мешавад, гурӯҳҳои ношинос шомгоҳи якшанбе (12 обонмоҳ), дар атрофи консулгарии Эрон дар Карбало таҷаммӯъ ва иқдом ба партоби санг ва маводи оташзо ба сӯи сохтумони консулгарии Эрон карданд ва парчам Эронро поин кашиданд.

Тазоҳуроткунандагони мусолиматҷӯи Карбало зимни эъломи бароат аз ин гурӯҳҳои ношинос ва хушунатталаб эълом карданд, ки ҳар тазоҳурот хориҷ аз майдони ат Тарбияи Карбало сурат гирад, иртиботе бо онҳо надорад.

Ин дар ҳоле аст, ки шоҳидони айнӣ эълом карданд, ки муҳоҷимон ба Консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Карбало, бо автобус аз устонҳои дигар ба маҳалли консулгарӣ мунтақил шуда, буданд ва бино ба гуфтаи ин шоҳидон, афроде, ки якшанбешаб ба консулгарии Эрон дар Карбало ҳамла карданд, ҳаводорони шахсе ба номи Ал Сурхӣ ҳастанд ва бо автобус аз устони Бобил ва Девония ба Карбало мунтақил шуда буданд.

 

Барчасп