Вазири саноати Эрон: Теҳрон ва Пекин зарфиятҳои фаровоне барои ҳамкорӣ доранд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i48121-Вазири_саноати_Эрон_Теҳрон_ва_Пекин_зарфиятҳои_фаровоне_барои_ҳамкорӣ_доранд
Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон гуфт, Эрон дар ҳоли табдил шудан ба як кишвари навзуҳури саноатӣ ва иқтисодии пурзарфият аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 05, 2019 11:41 Asia/Dushanbe
  • Вазири саноати Эрон: Теҳрон ва Пекин зарфиятҳои фаровоне барои ҳамкорӣ доранд

Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон гуфт, Эрон дар ҳоли табдил шудан ба як кишвари навзуҳури саноатӣ ва иқтисодии пурзарфият аст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Ризо Раҳмонӣ вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон, ки барои ширкат дар намоишгоҳи байналмиллалии воридоти Чин ба Шанхай сафар кардааст, дар гуфтугӯ бо радиои байналмиллалии Чин афзуд, Теҳрон ва Пекин метавонанд дар худравсозӣ, дору, нафт, гоз, петрохимия, мухобирот, лавозими хонагии ҳушманд, эҳдоси роҳи оҳани пурсуръат ва мавориди дигар ҳамкорӣ кунанд. Раҳмонӣ тасреҳ кард, Эрон равобити худ бо Чинро тулонимуддат ва роҳбурдӣ медонад ва ҳеҷ маҳдудияте дар густариши равобит бо Пекин надорад. Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон дар маавриди тарҳи "Як камарбанд-як ҷода" низ гуфт, Эрон ба далели мавқеияти ҷуғрофиёии худ метавонад маҳалли иншиоби роҳҳои иртиботии мухталифи тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни Осиёи Марказӣ, Ҳинд, Аврупо ва қорраи Африқо бошад. Дуввумин намоишгоҳи байналмиллалии воридоти Чин бо мушорикати 150 кишвар аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон аз имрӯз (сешанбе) дар Шанхай оғоз ба кор мекунад ва то даҳуми ноябр идома дорад.