Таслияти шаҳодати ҳазрати Имом Ҳасани Аскарӣ (а)
Имрӯз, понздаҳуми обон, баробар бо ҳаштуми рабийулаввали 1441 мусодиф бо солрӯзи шаҳодати ҳазрати Имом Ҳасани Аскарӣ (а) аст.
1108 сол пеш дар ҳаштуми рабийулаввали соли 260 ҳиҷрии қамарӣ, ҳазрати Имом Ҳасмани Аскарӣ (а) аз наберагони гиромии Расули акрам ҳазрати Муҳаммади мустафо (с) дар шаҳри Сомирро дар Ироқи имрӯзӣ ба шаҳодат расид.
Имом Ҳасани Аскарӣ (а) дар соли 232-и ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина мутаваллид шуд.
Падари гиромияшон ҳазрати Имом Ҳодӣ (а), аз наводагони паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ороста ба беҳтарин камолот ва фазоили инсонӣ буд ва модари он бузургвор зане донишманд ва бофазилат буд.
Имом Ҳасани Аскарӣ (а) пас аз шаҳодати падар, раҳбарии мусалмононро ба ӯҳда гирифт.
Ин имоми бузургвор дар мактаби илм ва дониши худ андешамандони бофазилатро тарбият кард, ки ҳар кадом дар заминаҳои гуногуни улум гомҳои муассиреро барои эътилои маорифи исломӣ бардроштанд.
Имом Ҳасани Аскарӣ (а) шаш сол имомат карданд ва саранҷом дар 28-солагӣ ба шораҳодат расиданд.
Радиои тоҷикии Садои Хуросон шаҳодати Имом Ҳасани Аскарӣ (а)-ро ба дӯстдорони аҳли байти паёмбари гиромӣ ҳазрати Муҳаммад (с) таслият мегӯяд.