Ноябр 06, 2019 19:44 Asia/Dushanbe
  • Интихоби устоди эронӣ ба унвони донишманди бартари Академияи Улуми Ҷаҳон

Ҳамидризо Пурқосимӣ, узви ҳайати илмии Донишгоҳи Шерози Эрон ба унвони яке аз панҷ донишманди бартари зери 40 соли Академияи Улуми Ҷаҳон TWAS-CASAREP дар соли 2019 интихоб шуд.

Муҳаммадризо Пурқосимӣ, узви ҳайати илмии Донишгоҳи Шерози Эрон ба унвони донишёри бахши муҳандисии манобеи табиӣ ва муҳити зист дар Донишкадаи кишоварзии ин донишгоҳ машғули тадрис ва пажӯҳиш аст.

Академияи Улуми Ҷаҳон TWAS-CASAREP бо ҳадафи пешрафти илм дар кишварҳои дар ҳоли тавсиа дар соли 1983 дар Италия бо гурӯҳе аз донишмандони мумтози ҷаҳон ва ба ифтихори профессор Абдуссалом, барандаи ҷоизаи Нобел аз Покистон бунёнгузорӣ шуд.

Академия дорои 1116 узв аз 90 кишвар аст, ки 73 узви он аз кишварҳои дар ҳоли тавсиа ҳастанд.