Ноябр 07, 2019 17:44 Asia/Dushanbe
  • Оғози ғанисозӣ ва тавлиди дубораи уран дар таъсисоти ҳастаии Фурду

Созмони энержии атомии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нахустин дақоиқи рӯзи панҷшанбе аз оғози муҷаддади фаъолияти таъсисоти ҳастаии шаҳид Алимуҳаммадӣ “Фурду”, ҷиҳати ғанисозии уран хабар дод.

Созмони энержии атомии Эрон дар баёнияе эълом кард, бо иблоғи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон мабни бар оғози фаъолияти муҷаддади сойти "Фурду" ҷиҳати ғанисозии уран аз дақоиқи аввалияи рӯзи панҷшанбе, амалиёти газдиҳии занҷираҳо ва мошинҳои сентрифугаҳо ва ҷамъоварии уран ғанишуда дар ин сойт оғоз шуд.

Бар асоси эъломи Созмони энержии атомии Эрон куллияи иқдомоти марбут ба ғанисозии уран дар таъсисоти ҳастаии шаҳид Алимуҳаммадӣ "Фурду", таҳти назари Ожонси байналмилалии энержии атомӣ анҷом шудааст.

Рӯзи чаҳоршанбе дар ростои иҷрои гоми чаҳоруми коҳиши тааҳҳудоти БарҶом-ии Эрон, махзани 2800 килоии ҳовии ҳудуди 2 ҳазор килограмм гази “Uranium Hexafluoride” (Гексафлорид) UF6 таҳти назорати бозрасони Ожонси байналмилалии энержии атомӣ пас аз интиқол аз Натанз ба "Фурду", дар салони хӯрокдиҳии муҷтамаи шаҳид Алимуҳаммадӣ қарор гирифт.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе бо эъломи иҷрои гоми чаҳоруми коҳиши тааҳҳудоти БарҶом-ии Эрон гуфт, ҳамаи тарафҳои БарҶом бояд бидонанд, ки Эрон наметавонад якҷонба ба БарҶом пойбанд бошад.

Рӯҳонӣ таъкид кард, гоми чаҳоруми Эрон низ монанди се гоми қаблӣ, баргаштпазир аст ва дар сурате, ки ҳамаи тарафҳои БарҶом ба тааҳҳудоти худ баргарданд, Ҷумҳурии исломӣ ҳам тааҳҳудоти худро иҷро хоҳад кард.

Ҷумҳурии Исломии Эрон 8 майи 2019, як сол пас аз хурӯҷи якҷонибаи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ва пас аз исботи нокоромадии роҳкорҳои пешниҳодии Аврупо барои ҷуброни паёмади иқтисодии хурӯҷи Амрико аз БарҶом, эълом кард, бахше аз тааҳҳудоти БарҶом-ии худро бар асоси бандҳои 26 ва 36 ин тавофуқ муаллақ мекунад.

Эрон токунун дар 4 гом аз тааҳҳудот БарҶом -ияш костааст.

Бар асоси бандҳои 26 ва 36 БарҶом, дар сурати пойбанд набудани тарафи муқобил ба тааҳҳудоташ, Эрон ҳаққ дорад иҷрои тааҳҳудоти худро ба шакли куллӣ ё ҷузъӣ мутаваққиф кунад.