Оини кушоиши севвумин ҳафтаи ҷоизаи Мустафо (с) ; имрӯз
Оини кушоиши севвумин ҳафтаи ҷоизаи Мустафо (с) бо ҳузури масулон ва андешмандони эронӣ ва хориҷӣ, имрӯз ( шанбе ) дар донишгоҳи Аззаҳро (с) баргузор мешавад.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, ҷоизаи Мустафо (с) , нишони олии илм ва фановарии ҷаҳони аслом аст,ки ҳар ду сол як бор ба донишмандон ва пажуҳишгарони бартари ҷаҳони ислом эҳдо мешавад.
Ин ҷоиза бо шиносоӣ, муарифӣ ва таҷлили шоиста аз бартаринҳои илм ва фановарӣ дар ҷаҳони ислом, илмомӯзӣ ва пажуҳишро дар ҷомиъаҳои исломӣ тарвиҷ ва ташвиқ мекунад.
Дар оини поёнии севвумин ҳафтаи ҷоизаи Мустафо (с) низ ,ки рӯзи душанбе ҳамзамон бо ҳафтаи ваҳдат баргузор мешавад,ин ҷоиза ба панҷ донишманд аз кишварҳои Эрон ва Туркия эъто хоҳад шуд.