Ноябр 09, 2019 17:26 Asia/Dushanbe
  • Таҳрими ниҳодҳои дифоии Эрон; нишонае аз дармондагии Кохи Сафед

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар баёнияе иқдоми режими мустакбир, султагар ва террористии Амрико дар таҳрими Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ ва теъдоде аз фармондеҳон ва мақомоти лашкарии Эронро маҳкум кард.

Дар ин баёния, ки рӯзи ҷумъа мунташир шуд; тасреҳ шудааст таҳрими нерӯҳои мусаллаҳ ва мақомоти лашкарии Эрон, ки ҳамвора дар хатти муқаддами амняти ва ифтихорофаринӣ барои миллати Эрон баробари тавтеаҳо ва нақшаҳои шайтонии ҷабҳаи душманони инқилоби исломӣ дарахшидаанд, далолат бар ҳақоният ва муваффақияти роҳ ва масире дорад, ки хурсандӣ, эътимод ва ғурури эрониён ва балки уммати исломиро рақам задааст. Ин иқдом аз сӯи дигар дармондагӣ ва асабонияти ҷабҳаи душман ба вижа ҳайати ҳокимаи бехиради Кохи Сафедро намоён сохтааст.

Кохи Сафед дар идомаи иқдомоти хилофи ҳуқуқи байналмиллал ва хасмонаи худ алайҳи Эрон дар чаҳоруми ноябр ҳамзамон бо Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ таҳримҳои наверо алайҳи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон иҷроӣ кард.

Ин таҳримҳо дар ҳоле ба рӯйхати таҳримҳои пешини Амрико бар задди Эрон афзуда шуд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Эрон монанди артиш ва Сипоҳи посдорон корномае пур ифтихор аз даврони дифои муқаддас ба ҳамроҳ доранд ва дар ҳамаи солҳои пас аз ҷанги таҳмилӣ низ ба хубӣ нишон додаанд, ки барои муқобила бо таҳдидҳо бо қтидор истодаанд.

Агар чи яке аз ҳадафҳои Амрико аз ин таҳримҳо сар пуш ниҳодан бар иқдомоти мунфаилонаи Кохи Сафед дар муқобили ирода ва иқтидори миллати Эрон аст бо ин ҳол ин нуктаро набояд аз назар дур дошт, ки ҳадафи муҳимтари Амрико аз тамаркуз бар ниҳодҳои низомии Эрон дар иҷроии таҳримҳо; тазъиф ва тахриби нақши нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар арсаҳои дифоӣ аст. Аз ин дидгоҳ таҳрими нерӯҳои мусаллаҳи Эрон иқдоме аст, ки бар се ҳадафи роҳбурдӣ тамаркуз дорад:

Ҳадафи аввал, илқои ҷараёни Эронҳаросӣ дар паҳлуҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ аст. Ин мавзӯъ дар шароите, ки созу корҳои амниятӣ бояд тавассути кишварҳои минтақа таъмин шавад, барои идомаи иқдомоти мудохилаҷӯёна ва эътилофсозиҳои низомии Амрико дар минтақа аҳамияте роҳбурдӣ дорад.

Ҳадафи дуввум; эҷоди шикофи амниятӣ дар минтақа аз тариқи дур кардани кишварҳои минтақа аз ҳамкориҳои дифоии муштарак бо Эрон ба баҳонаи таҳрим аст. Ба вижа онки Эрон тарҳи ҷомеъеро дар ростои амният дар минтақаи Халиҷи Форс ироа кардааст.

Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон дар нишасти ахири Маҷмаи умумии Созмони Миллал дар Нию-Йорк тарҳи сулҳи минтақаӣ бо унвони "Ибтикори сулҳи Ҳурмуз" ё "эътилофи умед"-ро пешниҳод кард.

Ҳадафи севвуми Амрико аз иҷроии ин таҳримҳо бузургнамоӣ ва густарда нишон додани доманаи таҳримҳо аст. Албатта чунин таҳримҳое дар гузашта ва албатта бенатиҷа будани онҳо таҷриба шудааст.

Сардор сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ дар изҳороте дар иҷлоси ахири Маҷмаи саросарии фармондеҳон ва масъулони  Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ тасреҳ кард, душманон дарёфтаанд, ки нерӯҳои суллаҳи Эрон тавони омодагӣ ва ирода ва шуҷоати муқобила бо ононро доранд ва дар дифо аз ормонҳо ва сарзамин ва мардуми худ лаҳзае тардид намекунанд.

Нақши шохиси нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар ҳифзи субот ва амнияти минтақа сабаб шудааст, то андешкадаҳои мутолиоти роҳбурдӣ, қудрати низомии Эрон дар сатҳи нерӯҳои роҳбурдӣ барои ҳифзи амният арзёбӣ кунанд.

Муассисаи байналмиллалии стратегии мустақар дар Лондон дар гузориши нави худ эътироф кард, Эрон бозигари қудратманде дар минтақа аст, ки Доктрина ва стратегии он ба шиддат бо воқеиятҳо ва малзумоти даргириҳои муосир интибоқ дорад.

Дар ин гузориш тасреҳ шудааст. ки ин мавқеият ба Эрон бартарии стратегӣ дода ва Эрон ба нерӯе дар минтақа табдил шуда, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд рӯи он ҳисоб кунад.

Амрико дар 41 соли гузашта роҳҳои мухталиферо барои бозгардондани Эрон ба даврони пеш аз пирӯзии инқилоб ва тасаллути дубора бар Эрон озмӯда ва шикаст хурдааст. Акнун низ ин таҳримҳо такрори ҳамон муҳосибаҳои ғалат аст, ки ҳеҷ маънои дигаре ҷуз сардаргумӣ ва истисоли Амрико дар баробари Эрон надорад.