Ноябр 09, 2019 17:44 Asia/Dushanbe
  • Эрон: эътилофҳои амрикоӣ боиси ноамнӣ дар ҷаҳон шудааст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба хабари ташкили эътилофи амрикоӣ дар Халиҷи Форс гуфт, таърих нишон медиҳад, ки эътилофҳои амрикоӣ на танҳо амният эҷод накарда балки боиси ноамнӣ ва бесуботии бештар дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, эътилофи дарёии Амрико муддаӣ шуд, ки аз рӯзи панҷшанбе амалиёти худаш дар обҳои Халиҷи Форсро оғоз кардааст.

Саид Аббоси Мусавӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе бо ишора ба ниёзи Амрико ба сӯистифода аз номи дигар кишварҳо барои машруъ нишон додани иқдомоти якҷонибаи худ афзуд, ин иқдоми Амрико, ки ҳадафҳои худро пушти номи маъдуд кишварҳои дигар пинҳон мекунад нишонаи заъф ва набуди машруияти байналмилалӣ аст.

Мусавӣ аз кишварҳои минтақа хост, то бо иттико ба зарфиятҳои худ ва ҳамсоягон дар масири амнияти пойдор ва ҳамаҷониба дар минтақа гом бардоранд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони кишваре, ки тулонитарин савоҳилро дар Халиҷи Форс дорад ҳамчунон бо қудрати тамом ба ҳифзи манофеи иқтисодӣ ва амниятии худ аз ҷумла амният ва эминии киштиронӣ дар ин паҳнаи обӣ идома хоҳад дод.

 

Барчасп