Ноябр 10, 2019 10:16 Asia/Dushanbe
  • Табрики оғози Ҳафтаи ваҳдат ва солрӯзи валодати пайёмбари гиромии ислом (с)

Имрӯз дувоздаҳуми рабиъул аввали 1441 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо даҳуми ноябри 2019, ба ривояте солрӯзи валодати ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), пайёмбари гиромии ислом ва оғози Ҳафтаи ваҳдат аст.

Аҳли суннат, дувоздаҳуми рабиъул аввал ва шиаён ҳабдаҳуми ин моҳро солрӯзи валодати пайёмбари гиромии ислом (с) медонанд.

Ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон, ки худ аз мунодиёни ваҳдат дар ҷаҳони  ислом буданд аз ин масъала барои иттиҳод ва наздик шудани гуруҳҳои исломӣ истифода карданд ва фосилаи байни ин ду таърих (12 то 17 рабиъул аввал)-ро Ҳафтаи ваҳдат номгузорӣ карданд.

Ин ҳафта фурсати муносибе аст, то зарурати ҳамбастагӣ ва якдилии ҷаҳони ислом ба вижа дар ин замони пур аз фитна ва ошуб бо диқати бештаре мавриди баррасӣ қарор гирад.

Агар чи мусулмонон аз мазҳабҳои мухталиф дар бархе ороъ ва аҳком ихтилофи назар доранд, аммо дорои иштирокҳои мутаадиде чун бовар ба Худои воҳид, китоби осмонӣ, пайёмбар ва қибла яксон низ ҳастанд.

Ҳамчунин мусулмонон бар анҷоми ибодатҳои муҳиме чун намоз, рӯза, ҳаҷ, закот ва ғайра иттифоқи назар доранд.

Созмони Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон дар оғози Ҳафтаи мубораки ваҳдат, ки музаян ба вилодати пайёмбари гиромии ислом (с) аст, ин муносибати фархундаро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон табрик мегуяд.