Солеҳӣ: Эрон омодаи интиқоли таҷрибиёти ҳастаӣ ба кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс аст
(last modified Sun, 10 Nov 2019 14:09:40 GMT )
Ноябр 10, 2019 19:09 Asia/Dushanbe
  • Солеҳӣ: Эрон омодаи интиқоли таҷрибиёти ҳастаӣ ба кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс аст

Раиси Созмони энергияи ҳастаии Эрон гуфт: Ҳар ҳазор мегаватт нерӯгоҳи ҳастаӣ метавонад монеъ аз интишори 7 миллион тонна олоянда ё газҳои гулхонаӣ шавад.

Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энергияи атомии Эрон имрӯз якшанбе дар маросими оғози бетонрезии дуввумин реактори ҳастаии нерӯгоҳи атомии Бушеҳри Эрон бо баёни ин, ки саноати ҳастаӣ метавонад маншаи иқтидор бошад, афзуд: Эрон омодаи интиқоли таҷрибиёти ҳастаӣ ба кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс аст.

Солеҳӣ таъкид кард: Бо эҳдоси воҳиди 2-и нерӯгоҳи ҳастаии Бушеҳр, солона 660 миллион доллар дар кишвар сарфаҷӯӣ мешавад.

Раиси Созмони энергияи атомии Эрон тасреҳ кард: Кишварҳое, ки ба муоҳидаи Париж пайвастаанд, қарор аст то чанд соли оянда аз газҳои олоянда ҷилавгирӣ кунанд ва нерӯгоҳҳои ҳастаӣ яке аз роҳҳои бурунрафт аз ин мушкилот аст.

Солеҳӣ афзуд: Дар ҳоли ҳозир дар нерӯгоҳи Бушеҳр беш аз 90 дарсади паймонкорони эронӣ буда ва ҳудуди ду ҳазор коршиноси эронӣ дар ин нерӯгоҳ кор мекунанд.

Раиси Созмони энергияи атомии Эрон бо ишора ба роҳандозии обширинкунҳо дар нерӯгоҳҳои ҳастаӣ гуфт: Дар сурати эҳдоси нерӯгоҳҳои 2 ва 3-и Бушеҳр, солона 440 метри мукааб об ширинсозӣ мешавад.