Чаҳор дастоварди артиши Эрон ба намоиш даромад
(last modified Mon, 26 Sep 2016 09:54:51 GMT )
Сентябр 26, 2016 14:54 Asia/Dushanbe
  • Чаҳор дастоварди артиши Эрон ба намоиш даромад

Чаҳор дастоварди Созмони таҳқиқот ва ҷиҳоди худкафоии артиши ҷумҳурии исломии Эрон дар шашумин рӯз аз ҳафтаи дифои муқаддас ба намоиш даромад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, роботи мусаллаҳи бидуни сарнишини Назир  бо имкони контрол аз роҳи дур, насби тирбор ва мушак, булдозери контрол аз роҳи дур бо қобилияти поксозии майдонҳои мина ва амалиёти муҳандисӣ, мошини тактикии Киён бо имкони ҳамли анвои туп ва бору сомонаи дудзо бо имкони мухтал кардани пушиши басрӣ ва дурбинҳои ҳароратӣ таҷҳизоте буданд, ки имрӯз дар Теҳрон ба намоиш гузошта шуд .

Дар ин маросим, ки бо ҳузури амир сартип Аҳмадризо Пурдастон, фармондеҳи нерӯи заминии артиши ҷумҳурии исломии Эрон ва ҷамъе аз фармондеҳони ин нерӯ баргузор шуд, аз хонаводаи шуҳадо ва исоргарони ин нерӯ таҷлил шуд.