Ноябр 11, 2019 12:03 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар густариши ҳамкории иқтисодии Эрон ва Ҳинд

Раиси Камиссиони амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлиси Эрон гуфт, ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора бар густариши равобит бо Ҳинд дар тамоми заминаҳо таъкид кардааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзиии Садои Хуросон, Муҷтабо Зулнур раиси Камиссиони

амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлиси Эрон дар дидори Геддом Дермандра сафири Ҳинд дар Теҳрон бо ишора ба сатҳи таомулоти иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар афзуд, бо вуҷуди буҳронофаринии Амрико дар минтақа ва иҷроии таҳримҳои золимонаи нав алайҳи Эрон бояд ду кишвар бо барномарезии дақиқ равобити иқтисодии худро тақвият кунанд.

Зулнур ҳамчунин танишҳои мавҷуд дар минтақаро ба зиёни тамоми кишварҳои минтақа донист ва гуфт бояд бо риояти ҳуқуқи мусулмонон дар минтақа ба вазъияти мусулмонон дар Кашмир расидагӣ шавад.

Геддом Дермандра сафири Ҳинд низ дар ин дидор гуфт, тавсеаи ҳамаҷонибаи равобит бо Эрон дар сиёсати хориҷии Ҳинд аз аҳамияти фаровоне бархурдор аст.

Сафири Ҳинд ибрози умедворӣ кард, гуфтугӯҳо ва таомулоти мақомоти ду кишвар мунҷар ба бардоштани гомҳои муҳиме дар масири густариши ҳамкории дуҷониба хоҳад шуд.