Эътои унвони профессори ифтихории Донишгоҳи Қазоқистон ба Зариф
Ноябр 11, 2019 18:00 Asia/Dushanbe
Донишгоҳи Евразияи Қазоқистон пас аз ҳузур ва суханронии вазири умури хориҷа дар ин донишгоҳ, унвони профессори ифтихориро ба Муҳаммадҷаводи Зариф эъто кард.
Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба Қазоқистон сафар кардааст, рӯзи душанбе бо ҳузур дар Донишгоҳи Евразияи шаҳри Нур-Султон(Остона), зимни боздид аз мӯзеи ин донишгоҳ, дафтари ёдбуди онро имзо кард.
Зариф дар ҷамъи устодон ва донишҷӯёни ин донишгоҳ бо мавзӯи "породоимҳо ва гуфтумонҳои навин дар ҷаҳони муосир", суханронӣ кард ва ба саволоти чанд нафар аз донишҷӯён низ посух дод.
Вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз(душанбе) барои ширкат дар иҷлоси солонаи "Клуб Остона" ва дидор бо мақомҳои Қазоқистон, озими ин кишвар шуд.