Ноябр 11, 2019 18:48 Asia/Dushanbe
  • Эътои ҷоизаи ҷаҳонии Мустафо(с) ба панҷ донишманди ҷаҳони Ислом

Дар сеюмин давраи эътои ҷоизаи ҷаҳонии Мустафо(с), ки имрӯз (душанбе) ҳамзамон бо ҳафтаи ваҳдат дар Теҳрон баргузор шуд, аз ду донишманди туркӣ ва се донишманди эронӣ, қадрдонӣ шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ugur Sahin аз Туркия бо асаре дар ҳавзаи “ваксинаҳои дармонии зидди саратон”, Алӣ Ходим Ҳусайнӣ аз Эрон бо асаре дар ҳавзаи “ҳидрогелҳои нанобио”,  Umran Inan аз Туркия бо асаре дар ҳавзаи “дарки мутақобили мавҷ ва зарра дар фазои наздики замин”, Ҳусайни Баҳорванд аз Эрон бо асаре дар ҳавза “силлулҳои бунёдӣ” ва Муҳаммади Абдулванд аз Эрон бо асаре дар ҳавзаи “шеваҳои навини ташхиси саратон” ба унвони баргузидагони ҷоизаи ҷаҳонии Мустафо (с) мавсум ба "Нобели Исломӣ", муаррифӣ ва таҷлил шуданд.

Сеюмин "ҳафтаи ҷоизаи Мустафо(с)" рӯзи шанбе бо ҳузури масъулон ва андешамандони эронӣ ва хориҷӣ оғоз ба кор кард.

Ҷоизаи ҷаҳонии Мустафо(с) ҳар ду сол як бор бо ҳадафи иртиқои илмӣ ва ҳамафзоӣ миёни донишмандони барҷастаи ҷаҳони Ислом баргузор ва ҷоиза ба донишмандоне, ки дорои асари навоварона ва барҷаста бошанд, эҳдо мешавад.