Истифодаи Эрон аз иқдомоти ҷубронии БАРҶОМ
Вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба баёнияи вазирони умури хориҷаи Олмон, Фаронса ва Англия таъкид кард, Эрон дар ҳоли истифода аз иқдомоти ҷубронии БАРҶОМ аст.
Вазирони хориҷаи се кишвари аврупоии Англия, Олмон ва Фаронса ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо шомгоҳи душанбе бидуни ишора ба набуди пойбандӣ ба тааҳудоташон дар БАРҶОМ бо судури баёнияи муштараке аз иҷрои гоми чаҳоруми коҳиши тааҳудоти барҷомии Эрон ибрози нигаронӣ карданд.
Ба нақл аз радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз сешанбе дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер бо замима кардани номаи шашуми ноябри 2018-и худ хитоб ба масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва дигар аъзои БАРҶОМ навишт, Эрон ба тааҳудоти барҷомии худ комилан пойбанд будааст, аммо аврупоиҳо фақат як тааҳудро нишон диҳанд, ки дар 18 моҳи гузашта ба он амал кардаанд.
Зариф афзуд, замоне, ки аврупоиҳо машғули вақт талаф кардан буданд Эрон меканизми рафъи ихтилофро ба ҷараён андохт ва онро ба итмом расонд.
Вазири умури хориҷаи Эрон хотирнишон кард, Ҷумҳурии исломии Эрон акнун дар ҳоли истифода аз иқдомоти ҷубронии мундариҷ дар банди 36-и БАРҶОМ аст.