Ноябр 12, 2019 14:15 Asia/Dushanbe
  • Ҷоизаи вижаи намоишгоҳи байналмиллалии китоби Туркманистон барои ройзании фарҳангии Эрон

Ройзании фарҳангии Эрон дар Ишқобод ҷоизаи вижаи сездаҳумин намоишгоҳи байналмиллалии китоби Туркманистонро барои беҳтарин тарроҳӣ дарёфт кард.

Ба гузориши равобити умумии Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, сездаҳумин намоишгоҳи байналмиллалии китоби Туркманистон, ки бо ҳузури 7 ношири эронӣ дар канори ройзании фарҳангии Эрон бо 8 ғурфа бештарин ширкаткунанда дар миёни кишварҳои хориҷӣ дар ин намоишгоҳро ба Эрон ихтисос дода буд бо эътои ҷоизаҳо ба бартарин ширкаткунандагон ба кори худ поён дод.

Бар асоси ин гузориш дар намоишгоҳи байналмиллалии китоби имсоли Туркиманитсон,  кишварҳои Австрия, Амрико, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Ҷумҳурии Корея, Мавлдавӣ, Покистон, Лаҳистон, Русия, Туркия, Украина ва Фаронса бо ироаи китобҳои мухталиф ҳузур пайдо карда буданд, ки дар ин миён Ҷумҳурии исломии Эрон бо арзаи 1100 унвони китоб дар сатҳҳои мухталифи кудакон ва бузургсолон ҳузуре дурахшон дошт.

Дар ҳошияи ин намоишгоҳ ҳамоиши "Китоб роҳи ҳамкорӣ ва тавсеа" низ баргузор шуд, ки Ризо Хониён, ройзани фароҳангии Эрон бо ироаи мақолае бо мавзӯи китоб ва китобхонӣ назди эрониён ба решаҳои таърихии таваҷҷуҳи эрониён ишора кард.