Ноябр 13, 2019 12:01 Asia/Dushanbe
  • Ҷибилӣ:ҷаҳони ислом барои муқобила бо душманон ба ваҳдат ниёз дорад

Муовини бурунмарзии Созмони садо ва симои Эрон бо баёни ин ки инқилоби исломӣ бар ваҳдати мусулмонон таъкид дорад гуфт, ҷаҳони ислом барои муқобила бо душманон ба ваҳдат ниёз дорад.

Паймони Ҷибилӣ муовини бурунмарзии Созмони садо ва симои Эрон дар нишасте бо олимони аҳли тасаннун, ки ба муносибати Ҳафтаи ваҳдат дар ин созмон баргузор шуд, бо ишора ба тавтеаҳои душманон дар эҷоди ихтилоф байни мусулмонон афзуд, шиаи англисӣ ва суннии саудӣ ва исроилӣ бо пули калон дар пайи эҷоди тафриқа ва шикоф байни мусулмонон ва амалисозии ҳадафҳои душманон ҳастанд.

Ҷибилӣ бо баёни ин ки тақвияти ваҳдати ҷаҳони ислом, расолати Созмони садо ва симои Эрон аст тасреҳ кард, руйкарди Муовинати бурунмарзии Созмони садо ва симои Эрон илова бар табъини воқеиятҳо, пешрафтҳо ва иқтидори Эрон муқобила бо ҷараёнҳои инҳирофӣ ва тафриқаангез аст.

Муовини бурунмарзии Созмони садо ва симои Эрон ҳамчунин бо ишора ба инки инқилоби исломии Эрон улгуи дигар кишвраҳост изҳор кард, инқилоби исломии Эрон собит кард дар сахттарин шароити зулму истикбор алайҳи ислом метавонад ҷомеаро ба муваффақият бирасонад ва омили раҳоӣ аз беадолатӣ бошад.

Аҳли суннат дувоздаҳуми моҳи рабиъул аввал ва шиаён ҳабдаҳуми ин моҳро солрӯзи валодати пайёмбари гиромии ислом (с) медонанд.

Ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон, ки худ аз мунодиёни ваҳдат дар ҷаҳони  ислом буданд аз ин масъала барои иттиҳод ва наздик шудани гуруҳҳои исломӣ истифода карданд ва фосилаи байни ин ду таърих (12 то 17 рабиъул аввал)-ро Ҳафтаи ваҳдат номгузорӣ карданд.

Барчасп