Ноябр 13, 2019 14:46 Asia/Dushanbe
  • Филми эронӣ; ғолиби ҷоизаи Ҷашнвораи байналмиллалии Австралия

Филми кутоҳи эронии "Дарё мавҷ мавҷ меларзад" ғолиби ҷоизаи Ҷашнвораи байналмиллалии Австралияро аз они худ кард.

Ба нақл аз ИРНО, ҳайати доварони Ҷашнвораи байналмиллалии филми Австралия ғолиби "Пуле бар фарози марзҳо"-и ин ҷашнвораро ба филми кутоҳи эронии "Дарё мавҷ мавҷ меларзад" ба коргардонӣ ва нависандагии Амири Ғуломӣ эҳдо кард.

Ин ҷоиза дар 12 соли гузашта аз сӯи синамои бидуни марз ба филмҳое тааллуқ гирифтааст, ки ба наздик шудани фарҳангҳо ва миллиятҳои мухталифи ҷаҳон кумак карда бошад.

Филми кутоҳи эронии "Дарё мавҷ мавҷ меларзад" дунёи як куҳнасарбозро дар хонае руи дарё ба тасвир мекашад, ки тобутҳоеро барои мурдагони ҷанги зери дарёҳо месозад.