Ноябр 13, 2019 14:52 Asia/Dushanbe
  • Дифои қотеи Зариф аз гомҳои ҳастаии Эрон

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар нишасти Клопи Остона дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон бо дифоъ аз гомҳои Эрон дар коҳиши тааҳудоти барҷомӣ таъкид кард, ки агар ваъдаҳои иқтисодии БАРҶОМ амалисозӣ нашавад ҳама зиён хоҳанд кард.

Ба нақл аз ИРНО, Зариф таъкид кард, ки Эрон хостори тавлиди силоҳи ҳастӣ нест. аммо иҷозаи поймол шудани ҳуқуқи худро ҳам нахоҳад дод.

Раиси дастгоҳи депломасии Эрон гуфт, агар чи дар БАРҶОМ аз ҳайси оддисозии иқтисодӣ ба Эрон ваъда дода шуда буд, ҳатто то ҳудуде ҳам амалӣ шавад, мо омодаи нишон додани ҳусни ният ва бозгашт ба иҷрои комили БАРҶОМ ҳастем.

Вай афзуд, аммо агар (ин ваъда) амалӣ нашавад ба ин масир идома хоҳем дод, ки бори дигар таъкид мекунам масири бурд-бохт буда ба зарару зиёни ҳама хатм хоҳад шуд, аммо мо чорае ҷуз дунбол кардани ин масир надорем.