Ноябр 13, 2019 21:05 Asia/Dushanbe
  • Дарёфти муҷаввизи парвоз ба Узбакистон тавассути ширкати

Ширкати "Загрос"-и Ҷумҳурии исломии Эрон муҷаввизи парвоз ба Узбакистонро дарёфт кард.

Ширкати "Загрос Эйрлайн"-и Ҷумҳурии исломии Эрон дар масири Теҳрон-Тошканд-Теҳрон парвозҳои мустақимро анҷом хоҳад дод.

Ба нақл аз  Форс, давлати Узбакистон муҷаввиз барои анҷоми ин парвозҳоро рӯзи 11-уми ноябр содир кардааст.

Ширкати "Загрос Эйрлайн"-и Ҷумҳурии исломии Эрон аз соли 2005-и мелодӣ фаъолияти худро оғоз карда ва дар новгони ин ширкат дар ҳоли ҳозир 30 фарванд ҳавопаймо вуҷуд дорад.