Ноябр 15, 2019 17:01 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Маҳви Исроил – ҳоким шудани давлати мунтахаби соҳибони аслии Фаластин

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ маҳви Исроилро ба маънои маҳви режими ҷаълии саҳюнистӣ ва ҳоким шудани давлати мунтахаби соҳибони аслии Фаластин, иборат аз мусалмон, масеҳӣ ва яҳудӣ донистанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ субҳи имрӯз дар дидори масъулони низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон, меҳмонони ширкаткунанда дар конфронси “Ваҳдат исломӣ”, сафирони кишварҳои исломӣ ва ҷамъе аз қишрҳои мухталифи мардум гуфтанд, душманони Ислом ва дар раъси онҳо Амрико бо асли Ислом ва ҳама кишварҳои исломӣ мухолифанд ва силоҳи аслии онҳо дар минтақаи мо «нуфуз дар марокизи ҳассос ва тасмимгир», «эҷоди тафриқа дар миллатҳо» ва «илқои таслим муқобили Амрико ба унвони роҳҳали мушкилот» аст, ки нусхаи илоҷ дар муқобили ин нақшаҳо рӯшангарӣ ва истодагӣ дар роҳи Ҳақ аст.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо баршумурдани маротиби ваҳдат, поинтарин мартаба ва аввалин қадам дар иттиҳоди дунёи Исломро «парҳези ҷавомеъ, давлатҳо, ақвом ва мазоҳиби исломӣ аз таарруз ва зарба задан ба якдигар» ва «иттиҳод дар муқобили душмани муштарак» хонданд ва афзуданд: “Дар маротиби болотар кишварҳои исломӣ бояд бо якдигар дар илм, сарват, амният ва қудрати сиёсӣ дар ҷиҳати дастёбӣ ба тамаддуни навини исломи ҳамафзоӣ ва талош кунанд, ки ҷумҳурии исломӣ низ ҳамин нуқта, яъне расидан ба тамаддуни навини исломиро ҳадафи ниҳоии худ қарор додааст”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ масоиби мавҷуд дар дунёи Ислом, аз ҷумла қазияи Фаластин ва ҷангҳои хунин дар Яман, ғарби Осиё ва шимоли Африқоро ношӣ аз пойбанд набудан ба асли парҳез аз муориза ва иттиҳод дар муқобили душмани муштарак донистанд ва таъкид карданд: “Имрӯз бузургтарин мусибати дунёи Ислом қазияи Фаластин аст, ки миллатеро аз хона ва Ватани худ овора кардаанд”. Эшон бо ишора ба талоши душманон барои таҳрифи маънои таъкидоти мукаррари Имом Хумайнӣ (раҳ.) ва масъулони низоми исломӣ дар хусуси «маҳви Исроил» гуфтанд: “Мо тарафдори Фаластин ва истиқлолу наҷоти он ҳастем ва маҳви Исроил ба маънои маҳви мардум яҳудӣ нест, чаро ки мо бо онҳо ҳеҷ коре надорем, ҳамчунон ки дар кишвари мо низ ҷамъе аз яҳудиён дар камоли амният зиндагӣ мекунанд”. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд, мардуми Фаластин, чӣ мусалмон, чӣ масеҳӣ ва чӣ яҳудӣ, ки соҳибони аслии он сарзамин ҳастанд, бояд битавонанд худашон давлати худро интихоб, бегонаҳо, арозил (сифлагон) ва авбоше монанди Натаняҳуро берун ва кишваршонро идора кунанд, ки албатта, ин иттифоқ хоҳад уфтод.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ вазифаи рӯшанфикрон ва уламои дунёи Исломро бисёр муҳим донистанд ва таъкид карданд, “бо қудрат аз Ҳаққ дифоъ кунед ва аз душман натарсед ва бидонед, дунёи Ислом ба фазли илоҳӣ дар ояндаи на чандон дур таҳаққуқи орзуҳои дурахшони худро хоҳад дид”.

 

Барчасп