Ноябр 16, 2019 14:35 Asia/Dushanbe
  • Донишҷуи эронӣ ; беҳтарин варзишкори марди соли 2019

Теквандокори эронӣ аз суи Федератсиони байналмиллалии варзишҳои донишгоҳии (FISU Физу ) ба унвони беҳтарин варзишкори марди соли 2019 интихоб шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , Ормин Ҳодипур теквандокори эронӣ дар чорумин маросими интихоби беҳтарин варзишкор,ки ҳамзамон бо 36 мин Маҷмаъи умумии федератсиони байналмиллалии варзишҳои донишгоҳӣ дар Турини Италия баргузор шуд, ба унвони беҳтарин варзишкор муарифӣ шуд ва ҷоизаи беҳтарин варзишкори солро дарёфт кард.

Ҳодипур ба далели касби се медали тиллои паё пайи Юниверсиёди тобистонӣ дар солиҳои 2015 , 2017 ,ва 2019 мувафақ ба касби ин ифтихор шуд.

Ҳамчунин дар бахши занон ҳам Ким Олонг ситораи ескейти сурати Кураи ҷанубӣ ба унвони беҳтарин варзишкори зан интихоб шуд.