Ноябр 20, 2019 10:25 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ ҳам аз иғтишошот дар Эрон ҳимоят кард

Вазири умури хориҷаи режими саҳюнистӣ рӯзи сешанбе дар Твиттер зимни ҳимоят аз ошубҳо ва иғтишошҳои ахир дар Эрон худро дусти мардуми ин кишвар хонд ва муддаӣ шуд ин режим дар канори эрониён истодааст.

Ба нақл аз Алъолам, Исроил Катз дар ин паём твиттерӣ ошубгаронро мардуми озодихоҳ тавсиф кард.

Давлатҳои Амрико, Олмон ва Фаронса низ дар рӯзҳои ахир аз иғтишошот дар Эрон ҳимоят карда буданд.

Майк Помпео вазири умури хориҷаи Амрико, ки кишвараш парвандаи қатуре аз мудохила дар умури дохилии Эрон дорад шанбешаб дар Твиттер бо ишора ба эътирозоти пароканда дар теъдоде аз шаҳрҳои Эрон муддаӣ шуда буд, ки Вашингтон аз мардуми Эрон ҳимоят мекунад.

Вазири умури хориҷаи Эрон душанбешаб ҳимояти ғарбиҳо аз ҷумла режими Амрико аз мардуми Эронро дуруғе шармовар хонд ва гуфт, режиме, ки бо терроризми иқтисодӣ монеи расидани ғизо ва дору ба мардуми Эрон мешавад ҳеҷгоҳ наметавонад иддаои вақиҳонаи ҳимоят аз мардуми Эрон дошта бошад.

Муҳаммадҷаводи Зариф тасреҳ кард, эътирози қонунманд ҳақи мардум аст, ки дар қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон ба расмият шинохта шудааст ва ниёзе ба ёдоварӣ ва ҳимояти риёкоронаи режимҳое нест, ки ҳадафи расмии худро водор кардани Эрон ба иҷрои хостаҳои ғайри машруашон аз тариқи таҳмили фишори иқтисодӣ ҳатто дар ҳавзаи ғизо ва дору бар шаҳрвандони эронӣ эълом кардаанд.

Зариф афзуд, мақомоти амрикоӣ аз ҷумла Помпео нахуст бояд посухгӯи иқдомоти эъломшудаи террористӣ ва ҷиноятҳояшон алайҳи башарият аз ҷумла мардуми Эрон бошанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон хитоб ба кишварҳои Олмон ва Фаронса ҳам гуфт, кишварҳое, ки натавонистаанд аз худ ҳеҷ тавон ва иродае дар баробари терроризми иқтисодии Амрико нишон диҳанд ва акнун барои пинҳон кардани нотавонии худ аз ошуб ва барҳам задани назми умумӣ ҳимояти сиёсӣ ва майдонӣ мекунанд масъулияти паёмадҳои таҳрикоти хатарноки худро бар уҳда хоҳанд дошт.

Бо иҷрои тарҳи ислоҳи нархи бензин дар Эрон аз бомдоди рӯзи ҷумъа дар бархе шаҳрҳои Эрон эътирозҳои парокандае шакл гирифт.

Ин эътирозҳо дар бештари минтақаҳо мусолиматомез буд, аммо дар бархе маконҳо бо сӯистифодаи бархе авбош ба бероҳа рафт.

Барчасп