Таъкиди Раҳбари инқилоб бар зарурати иҷрои мусавваботи сарони кишвар
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i48467-Таъкиди_Раҳбари_инқилоб_бар_зарурати_иҷрои_мусавваботи_сарони_кишвар
Дар чанд рӯзи ахир бархе аз шаҳрҳои Эрон шоҳиди нооромиҳое буда, ки ба дунболи мусаввабаи сарони кишвар дар иҷрои тарҳи мудирияти масрафи маводи сӯхт рух додааст. Ин воқеаҳои талх, ки бо рафторҳои хушунатбор, ҳамчунин тахриб ва ба оташ кашидани бархе маконҳо ҳамроҳ буда, мутаассифона мунҷар ба ҷон бохтани шуморе низ шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 20, 2019 14:49 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раҳбари инқилоб бар зарурати иҷрои мусавваботи сарони кишвар

Дар чанд рӯзи ахир бархе аз шаҳрҳои Эрон шоҳиди нооромиҳое буда, ки ба дунболи мусаввабаи сарони кишвар дар иҷрои тарҳи мудирияти масрафи маводи сӯхт рух додааст. Ин воқеаҳои талх, ки бо рафторҳои хушунатбор, ҳамчунин тахриб ва ба оташ кашидани бархе маконҳо ҳамроҳ буда, мутаассифона мунҷар ба ҷон бохтани шуморе низ шудааст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоб субҳи рӯзи якшанбе дар ибтидои ҷаласаи дарси хориҷи фиқҳ дар баёноте дар хусуси масоили пешомада бо таъкид бар зарурати иҷрои тасмимот ва мусавваботи сарони кишвар, ин ҳаводисро аз чанд ҷанбаи муҳим мавриди таваҷҷӯҳ қарор доданд. Эшон хотирнишон карданд: Дар ин замина чанд нуктаро бояд таваҷҷӯҳ дошт. Аввалан, вақте як чизе масаввабаи сарони кишвар ҳаст, одам бояд бо чашми хушбинӣ ба он нигоҳ кунад. Банда дар ин қазя сарришта надорам, яъне тахассуси ин корро надорам. Гуфтам ҳам ба оқоён. Чун назароти коршиносҳо ҳам дар ин қазияи бензин мухталиф аст. Баъзеҳо онро лозим ва воҷиб медонанд, баъзеҳо музир медонанд. Бинобарин ман ҳам, ки соҳибназар нестам дар ин қазия, гуфтам ман соҳибназар нестам, лекин агар сарони се қувва тасмим бигиранд, ман ҳимоят мекунам.

Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоб бар зарурати иҷрои мусавваботи сарони се қувва, аммо бо баёни нукоти муҳими дигаре низ ҳамроҳ шуд. Эшон дар ин замина масъулини умурро ба диққат ва муроқибат бар ҳама ҷанбаҳои иҷроии тарҳ фаро хонданд ва тасреҳ карданд, ҳар чи мумкин аст аз мушкилоти ин кор кам шавад.

Раҳбари инқилоб ҳамчунин бо ишора ба паёмадҳои талхи воқеаҳои чанд рӯзи ахир, аз масъулини ҳифзи амнияти кишвар ҳам хостанд, ки ба вазифаҳояшон бо ҷиддият амал кунанд.

Гузор аз мушкилоти иқтисодӣ, ҳамвора яке аз мавзӯъҳои чолишбарангез будааст ва ғолибан дар масоили иқтисодӣ ва анҷоми ислоҳот дар зерсохтҳо, бо дидгоҳҳо ва назариёти муқовиматҳое ҳамроҳ мешавад. Ин муқовиматҳо ба ҷиҳати коршиносӣ ва ҳам ба далели нигаронӣ аз табаоти эҳтимолии ношӣ аз иҷрои тарҳ қобили баҳс аст. Албатта дар Эрон бо дар назар гирифтании аҳдофи эъломшудаи ин тарҳ мабнӣ бар бозгашти даромади ношӣ аз афзоиши баҳои бензин ба сабади кӯмакҳои нақдии давлат ба қишрҳои камдаромад метавон дарёфт, ки аҳдофи иҷрои ин тарҳ сирфан ҷанбаи ҳимоятӣ ва беҳбуди маишат барои мардум дорад. Аз сӯи дигар яке аз масоили муҳиме, ки дар чанд соли ахир аз сӯи масъулони низом ва барномарезони иқтисодӣ мавриди таваҷҷӯҳ ва таъкид қарор гирифта, баҳси муҳими мудирияти масрафи маводи сӯхт ва эҷоди робитаи мантиқӣ байни ҳазинаҳои тавлид ва масрафи маводи сӯхт дар Эрон аст, ки бино ба илали гуногун иҷрои он борҳо ба таъхир афтодааст. Ин таъхир метавонад яке аз илали сахттар шудани иҷрои ин тарҳ дар мақтаи феълӣ бошад. Қатъан иҷрои чунин тарҳи муҳиме бо ҳошияҳои зиёде ҳамроҳ аст, ки яке аз онҳо нигаронии ношӣ аз афзоиши қимати бензин ва таъсироти эҳтимолии он бар афзоиши соири ҳазинаҳо аст. Ин мавзӯъ дар чанд соли ахир бо раванди афзоишии таваррум дар муқоиса бо даромадҳои собит, ба нигаронии ҷиддии бахше аз ҷомеа табдил шудааст. Ба ҳамимн иллат мушкилоти маишатӣ дар канори норасоиҳо ва низ мутолиботи мардум аз масъулон, аз ҷумлаи масоиле аст, ки бояд барои рафъи он талоши бештаре шавад.

Албатта возеҳ аст, ки истодагӣ дар муқобили фишорҳои иқтисодӣ ва таҳаммули таҳримҳои сангини Амрико, ки дарвоқеъ мисдоқи терроризми иқтисодӣ алайҳи мардуми Эрон аст, ба муаллафаҳои зиёде, аз ҷумла ҳушёрӣ дар муқобили ҷараёнҳои барҳамзанандаи оромиш ва амнияти ҷомеа бастагӣ дорад.

Раҳбари муаззами инқилоб дар ҳамин хусус ёдовар шуданд: Дар ин қазия ё гузашта, ҳамаи марказҳои шарорати дунё алайҳи мо ин корҳоро ташвиқ карданд. Аз хонаводаи манҳуси хабиси Паҳлавӣ то маҷмӯаи хабис ва ҷинояткори Мунофиқин. Инҳо мураттабан дар фазои маҷозӣ ва дар ҷоҳои дигар ташвиқ мекунанд, тарғиб мекунанд, ки ин шароратҳо анҷом бигирад. Ман арзам ин аст: Ҳеҷ кас ба ин ашрор кӯмак накунад. Ҳеҷ инсони оқил ва шоистае, ки ба кишвари худаш алоқаманд аст, ба зиндагии роҳати худаш алоқаманд аст, ба инҳо набояд кӯмак кунад. Инҳо ашроранд. Ин корҳо кори мардуми маъмулӣ нест!

Таҷрибаи воқеаҳои солҳои ахир ҳамчун ошӯбҳои пас аз интихоботи раёсатҷумҳурии 88 ва нооромиҳои дигар дар қазияҳои иқтисодӣ нишон додаааст, ки Амрико ва душманони Эрон, барои расидан ба аҳдофи худ, аз мутолиботи мардум ба унвони абзоре барои барҳам задани оромиши ҷомеа ва бӯҳронсозии сиёсӣ истифода мекунанд, ки мақсади ниҳоии онҳо зарба задан ба асли низом аст.