Ноябр 21, 2019 14:25 Asia/Dushanbe
  • Собиқаи тираи гуруҳи террористии Мунофиқин дар террори миллати Эрон

Гуруҳи террористии Мунофиқини халқ бо ҳимояти Амрико собиқаи тирае аз сӯи қасд ва бомбгузорӣ ва қатли дувозда ҳазор нафар эронӣ дорад.

Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин гуруҳи террористӣ бо Саддом дектатори пешини Ироқ дар ҷанги таҳмилии даҳаи 1980 бо Эрон ҳамкорӣ дошт.

Амрико дар соли 2012 номи ин гуруҳро аз рӯйхатти гуруҳҳои террористӣ хориҷ кард.

Ин гуруҳ ба эҷоди профайлҳои сохтагӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои пешбурди ҳадафҳо ва маъмуриятҳои зидди эронии худ шуҳрат дорад.

Дар давраи раёсат ҷумҳурии Трамп дар Амрико ин гуруҳ ҳимояти бештареро аз Вашингтон касб кардааст.

Дар моҳи июн навори савтӣ аз дохили ин гуруҳ ифшо шуд, ки ҳикоят аз табонии ин гуруҳ бо қудратҳои хориҷӣ дар таркиши ду танкири нафтӣ дар Халиҷи Форс дошт.

Ин гуруҳи террористӣ ҳамчунин террори Қосим Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳ ва Иброҳими Раисӣ раиси қувваи қазоияи Эронро тарҳрезӣ карда буд. Ин гуруҳи террористӣ аз тарафи саудиҳо таъмини молӣ ва аз сӯи режими саҳюнистӣ ҳимояти таблиғотӣ мешавад.

Барчасп