Ноябр 21, 2019 16:12 Asia/Dushanbe
  • Баъидинажод: Дилсӯзии Амрико барои мардуми Эрон шармовар аст

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Англия таъкид кард, изҳороти сафири Амрико дар Англия, ки эрониёнро шоистаи зиндагии беҳтаре донист, комилан шармовар аст.

Вуди Ҷонсон, сафир Амрико дар Англия рӯзи чаҳоршанбе дар “Твиттер”-е бо ишора ба афзоиши таваррум ва қиммати маводи ғизоӣ дар Эрон, дар изҳороти фиребкорона, муддаӣ шуд, мардуми Эрон шоистаи зиндагии беҳтаре ҳастанд.

Ҳамиди Баъидинажод, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Англия дар ҳисоби “Твиттер”-ии худ дар вокуниш ба ин изҳорот навишт: “Твитт”-и сафири Амрико дар Англия дар шароите аст, ки Амрико бо тавассул ба таҳрим, талош мекунад, мардуми Эронро аз бархурдорӣ аз зиндагии муносиб, маҳрум кунад.

Баъидинажод афзуд, аз тарафи дигар 13 дарсад ё 42 миллион нафар аз мардуми худи Амрико, ки дар кишвари сарватманде зиндагӣ мекунанд, ба фақр мубтало ҳастанд.

Бо иҷрои тарҳи ислоҳи қиммати бензин дар Эрон аз бомдоди ҷумъаи гузашта, бархе эътирозоти мусолиматомези мардум бо сӯиистифодаи бархе аз арозилу авбош ба бероҳа рафт.

Кохи Сафед шомгоҳи якшанбе дар баёнияҳои мудохилаҷуёна, бо такрори иддаоҳои воҳӣ зидди Эрон, аз иддаи маъдуде ошубгар, ки ба баҳонаи афзоиши қиммати бензин бо эҷоди беназмӣ дар чанд шаҳри Эрон, даст ба тахриби амволи умумӣ заданд, ҳимоят кард.

Аз сӯи дигар, мардуми Эрони исломӣ дар рӯзҳои ахир бо баргузории роҳпаймоӣ дар шаҳрҳои мухталиф, иғтишоши ошубгаронро маҳкум карданд.

 

 

Барчасп