Фармондеҳи кулли артиши Эрон: Муқобила бо истикбор идома хоҳад дошт
(last modified Thu, 21 Nov 2019 12:50:59 GMT )
Ноябр 21, 2019 17:50 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи кулли артиши Эрон: Муқобила бо истикбор идома хоҳад дошт

Фармондеҳи кулли артиши Эрон гуфт, муқобила бо истикбор то таслимшудани онҳо дар баробари ҳаққ идома хоҳад дошт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, генерал Сайид Абдурраҳими Мусавӣ, фармондеҳи кулли Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ва фармондеҳи қароргоҳи падофанди ҳавоии кишвар дар ҳошияи нахустин рӯзи размоиши падофанди ҳавоии мудофеони осмони “вилоят 98” дар Симнон (шарқи Теҳрон) афзуд, то замоне, ки Эрон дар бораи истиқлол ва муқобила бо низоми султа сухан бигӯяд, истикбор дар баробари Ҷумҳурии Исломии Эрон истодааст.

Вай таъкид кард, имрӯз вазифаи нирӯҳои мусаллаҳи Эрон маъюс кардани душманон дар расидан ба аҳдофашон аст, ки то ҳадди зиёде дар ин замина муваффақ будааст.

Размоши муштараки падофанди ҳавоии «мудофеони осмони вилоят 98» дар минтақае ба густараи 416 ҳазор километри мураббаъ дар устони Симнон дар ҳоли баргузорӣ аст.