Венесуэла таҳрики низомии Амрико ва Тринидад ва Тобагоро маҳкум кард
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i122600-Венесуэла_таҳрики_низомии_Амрико_ва_Тринидад_ва_Тобагоро_маҳкум_кард
Порс-Тудей. Муовини раисиҷумҳури Венесуэла размоиши низомии муштараки Иёлоти Муттаҳида ва Тринидад ва Тобаго дар наздикии савоҳили Венесуэларо ба шиддат маҳкум кард.
(last modified 2025-10-27T05:49:43+00:00 )
Октябр 27, 2025 10:48 Asia/Dushanbe
  • Венесуэла таҳрики низомии Амрико ва Тринидад ва Тобагоро маҳкум кард
    Венесуэла таҳрики низомии Амрико ва Тринидад ва Тобагоро маҳкум кард

Порс-Тудей. Муовини раисиҷумҳури Венесуэла размоиши низомии муштараки Иёлоти Муттаҳида ва Тринидад ва Тобаго дар наздикии савоҳили Венесуэларо ба шиддат маҳкум кард.

Делси Родригес, муовини раисиҷумҳури Венесуэла дар баёнияе расмӣ, размоиши низомии муштараки Иёлоти Муттаҳида ва Тринидад ва Тобаго дар наздикии савоҳили Венесуэларо ба шиддат маҳкум кард ва онро иқдоме душманонаву таҳрикомез бо ҳамоҳангии Созмони иттилооти марказии Амрико (СИА) донист.

Родригес бо баёни инки ин размоиш, ки бо ҳузури новшикани амрикоии Ю Эс Эс Гравели (USS Gravely) дар бандари Порт оф Спайн, пойтахти Тринидад ва Тобаго анҷом шуда, таҳдиде алайҳи амнияти миллии Венесуэла аст, гуфт: Вашингтон бо ҳамдастии Тринидад ва Тобагу дар ҳоли барномарезии ҳамлае сохтагӣ дар минтақа аст то онро баҳонае барои таарруз ба ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии Венесуэла қарор диҳад. /ИРНА