Апрел 18, 2024 11:23 Asia/Dushanbe
  • Русия ва Тоҷикистон дар имтидоди марзи Афғонистон размоиши муштарак баргузор карданд
    Русия ва Тоҷикистон дар имтидоди марзи Афғонистон размоиши муштарак баргузор карданд

Дар сонаҳои Тоҷикистон аз баргузории размоиши муштараки ин кишвар ва Русия дар имтидоди марзии Афғонистон барои муқобила бо ҳаргуна таҳдиди эҳтимолӣ хабар доданд .

Ба гузориши родиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз хабаргузории Тасним , барасоси ахбори мунташир шуда дар расонаҳои Тоҷикистон , размоиши муштараки чаҳор рӯзаи Русия ва Тоҷикистон дар имтидоди марзи Афғонистон барои муқобила бо ҳаргунаи таҳдиди эҳтимолӣ дар ҳоли баргузарӣ аст.

Расонаҳои Тоҷикистони ҳадаф аз баргузарии ин размоиши муштаракро муқобила бо афзоиши таҳдидоти террористӣ ва ҳаргунаи таҳдиди эҳтимолӣ унвон карданд .

Бар пояи ахбори мунташир шуда бархе таҷҳизоти низомии Русия барои ин размоиш ба пойгоҳи низомии 201 Тоҷикистон мунтақил шудааст ва анвоъи тактикҳои размӣ ба вижа тактики маҳори гурӯҳҳои террористӣ ки ба сӯрати ғайриқонунии ворид Тоҷикистон мешавандро дар ин размоиш тамрин мекунанд .

Пеш аз ин дар фарвардин моҳи соли гузашта низ нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон размоиши муштаракеро дар марз бо Афғонистон баргузор карда буданд .

Пойгоҳи низомии 201 дар шаҳрҳои Душанбе ва бохтари Тоҷикистони воқеъ шудааст ки бузургтарин маркази низомии Русия дар хориҷ аз марзҳои ин кишвар гуфта мешавад .

Токунӯн ҳайати ҳокимаи Афғонистон ба ин размоиши муштарак ки дар наздикии Афғонистон баргузор мешавад вокунише нишон надодааст , аммо мақомоти ҳукумати Толибон борҳо таъкид кардаанд ки ҳеҷ таҳдиде аз хоки Афғонистон мутаваҷҷеҳи дигари кишварҳо ва ба хусӯси ҳамсоягон Афғонистон намешавад .

Барчасп