Эҳдои ҷоизаи ABU ба Созмони садо ва симои Эрон
Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои Осиё-Уқиёнусия (ABU ) ҷоизаи бахши тавсеаи зерсохт ва саноати расонаро ба Созмони садо ва симои Эрон эҳдо кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ризо Алидодӣ муовини тавсеа ва технологии Садо ва симои Эрон дар ҳошияи нишасти Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои Осиё-Уқиёнусия-2019 дар Токио пойтахти Жопон гуфт, Созмони садо ва симои Эрон иқдомоти зиёдеро дар тавсеаи зерсохти саноати расона бо истифода аз нерӯҳо ва таҷҳизоти бумӣ дар масири худкифоӣ анҷом додааст.
Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои Осиё-Уқиёнусия (ABU ) бо 280 узв аз 57 кишвар яке аз бузургтарин ва ҳирфаитарин иттиҳодияҳои расонаӣ дар ҷаҳон аст.
Ин иттиҳодия аз соли 1964 шуруъ ба кор карда ва бо ҳадафи ҳамкорӣ, ҳамоҳангӣ,фаолиятҳои муштарак ва ройзанӣ дар ҳавзаҳои барномаӣ, технологӣ, омӯзишӣ, варзишӣ, ҳуқуқӣ ва нерӯи инсонӣ дар миёни аъзо барои тақвият ва тавсеаи радио телефизионҳои Осиё-Уқиёнусия фаолият мекунад.
Ин иттиҳодия бо 3 миллиард мухотаб дар кишварҳои мухталиф, бузургтарин ва густардатарин ташаккули радио телевизионӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.