Ноябр 23, 2019 20:39 Asia/Dushanbe
  • Идомаи роҳпаймоии мардуми Эрон дар маҳкумияти иғтишоши ошубгарон

Мардуми Эрон ҳамонанди рӯзҳои гузашта бо баргузории роҳпаймоӣ дар шаҳрҳои мухталиф иғтишоши ошубгаронро маҳкум карданд.

Мардум дар шаҳрҳои Аҳвоз маркази вилояти Хузистон дар ҷануби ғарби Эрон шаҳрҳои мухталифи вилояти Курдистон дар ғарби Эрон, Бушеҳр дар ҷануб ва Урумия дар шимоли ғарби Эрон рӯзи шанбе бо баргузории роҳпаймоӣ зимни эъломи инзиҷор аз ошубгарон сафи худро аз онон ҷудо карданд.

Мардуми шаҳрҳои мухталифи Эрон дар рӯзҳои гузашта бо баргузории роҳпаймоӣ зимни эъломи бароат аз иғтишошгарон аз амният ва иқтидори ин кишвар ҳимоят карданд.

Иҷрои тарҳи ислоҳи нархи сӯзишворӣ (бензин) дар Эрон аз 15 ноябр эътирози мусолиматомези мардумро дар Теҳрон ва бархе шаҳрҳои дигари Эрон ба ҳамроҳ дошт; аммо иддае ошубгари омӯзишдида бо ҳузур дар байни мардуми муътариз дар Эрон ба амволи умумӣ ва шахсӣ ҳатто бонкҳо, марказҳои ёрии таъҷилӣ, ва нақлиёти умумӣ осеб ворид карданд.

Раҳбари муъаззами иниқлоби исломӣ 17 ноябр дар бораи масоили пешомада пас аз иҷрои тарҳи мудирияти масрафи сӯзишворӣ гуфтанд, бархе мардум аз ин тасмим нигарон ва нороҳат мешаванд; аммо тахриб ва оташ задан кори мардум нест кори ашрор ва авбошон аст.