Ноябр 23, 2019 21:26 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди 75 ҳазор шуғл тавассути созмони Басиҷи мустазъафин

Раиси созмони Басиҷи мустазъафини Эрон аз эҷоди 75 ҳазор шуғл(ҷои кор) дар қолаби коргоҳҳои иқтисоди муқоваматӣ тавассути ин созмон хабар дод.

Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии созмони Басиҷи мустазъафин ,сардор Ғуломризо Сулаймонӣ аз тарҳи Басиҷ барои эҷоди иштиғол(касбу кор) дар кишвари Эрон бо истифода аз зарфиятҳои мардумӣ гуфт: Басиҷ дар ҷиҳати кумаки иштиғоли ҷавонон барои эҷоди сандуқҳои қарзулҳасана дар масҷидҳо иқдом кардааст ва дар ҳоли ҳозир чаҳордаҳ ҳазор сандуқи қарзулҳасана дар саросари кишвар ва дар масоҷиди мухталиф ташкил шуда ва ин рақам то поёни сол ба бист ҳазор хоҳад расид.

 Вай дар мавриди омори гардиши ҳисоби сандуқҳои қарзулҳасана барои иштиғол изҳор дошт: Ин сандуқҳо то кунун 170 миллиард тумон гардиши молӣ доштаанд, ки 120 миллиард он кумаки молии пардохтшуда мебошад, ин кумак аз ҳисоби сандуқе аст, ки кумакгиранда узви он аст ва тавассути шӯрои мардумӣ идора мешавад.

Раиси созмони Басиҷи мустазъафини Эрон дар мавриди омори эҷоди иштиғол тавассути Басиҷ низ гуфт: Бар асоси оморҳо ва бо таваҷҷуҳ ба инки ибтидои кори сандуқҳост, то кунун 27 ҳазор шуғл эҷод шудааст ва ин сандуқҳо 1 500 кумаккунанда ва 600 ҳазор узв доранд. Дар сол 98 ва то имрӯз 38 ҳазор коргоҳи иқтисоди муқоваматӣ дар кишвар эҷод шудааст ва аз ин тариқ 75 ҳазор шуғл эҷод шудааст.

 Сардор Сулаймонӣ ҳамчунин дар мавриди «ҷиҳоди рӯшноӣ» , ки яке дигар аз барномаҳои Басиҷ дар заминаи иштиғолҳои хонагӣ аст, таъкид кард: Кори дигаре, ки тавофуқоти он бо давлат, созмони барнома ва будҷа ва бонкҳо дар ҳоли анҷом аст, эҷоди ниругоҳҳои хонагӣ аст, то бо кумаки қарзулҳасана ниругоҳҳои хуршедӣ барқ тавлид кунанд.

 Сардор Сулаймонӣ аз кумак ба 9 ҳазор коргоҳи тавлидӣ дар бахшӣ саноъат хабар дод ва гуфт:Яке дигар аз иқдомоти Басиҷ дар бахши тавлид кумак ба воҳидҳое аст, ки осеб дидаанд, басиҷи саноъати мо тарҳи «саноъатёр»-ро дар дастури кор қарор дода ва воҳидҳои осебдида бо масъулон, соҳибони касбу кор ва соҳиби бахше, ки осеб дида ва дучор рукуд ва бекорӣ шуда мушкилро ҳал мекунанд

  Сардор Сулаймонӣ дар мавриди гурӯҳҳои ҷиҳодӣ низ изҳор дошт: Дувоздаҳ ҳазор гурӯҳи ҷиҳодии «ҷуғрофиямеҳвар» дорем, ки аз маҳалли зиндагӣ ва пойгоҳашон ба ҷойҳои дигаре мераванд ва ҳафт ҳазор гурӯҳи ҷиҳодии «маҳалламеҳвар», ки ба хидматрасонӣ дар маҳаллаҳо машғул ҳастанд, дорем.