Ноябр 25, 2019 11:08 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳомзании дубораи Натанёҳу ба Эрон

Нахуствазири режими саҳюнистӣ бо муттаҳам кардани Эрон ба талош барои табдили Ироқ ва Яман ба маҳалле барои ҳамлаҳои мушакӣ алайҳи ин режим, гуфт: Исроил ба муқобила бо Ҷумҳурии исломии Эрон идома хоҳад дод.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Бинямин Натанёҳу дар шимоли Фаластини ишғолӣ муддаӣ шуд: Эрон дар ҳоли барномарезӣ барои анҷом ҳамалоти мушакӣ аз Ироқ ва Яман ба сарзаминҳои ишғолӣ аст.

 Натанёҳу ҳамчунин Эронро ба истиқрори ниру ва низ интиқоли силоҳ ба Сурия муттаҳам кард ва гуфт: Исроил талош мекунад то аз афзоиши нуфуз ва ҳузури Эрон дар минтақа ҷилавгирӣ кунад.

Натанёҳу пештар низ Ҷумҳурии исломии Эронро ба интиқол ва тавлиди силоҳ дар Сурия муттаҳам карда буд.

 Ин иддаоҳои Натанёҳу дар ҳоле аст, ки мақомоти Димишқ ва Москва борҳо эълом кардаанд,ки ҳузури Эрон дар Сурия «мушовираӣ» ва ба дархости давлати ин кишвар аст.

 Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони яке аз аъзои аслии ҷабҳаи муқовимат, нақши асосӣ дар муқобила бо тавтеаҳо ва иқдомоти меҳвари амрикоӣ - саҳюунистӣ дар минтақа дорад ва артиши Сурия ахиран бо кумакҳои мушовираии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳимояти Русия тавонист парвандаи гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар ин кишвар бибандад.

 

Барчасп