Ноябр 25, 2019 16:08 Asia/Dushanbe
  • Мӯсавӣ: Дахолати Амрико дар умури Эрон хайрхоҳона нест

​​​​​​​Сухангӯи вазорати  умури хориҷаи Эрон гуфт, изҳорот ва дахолати мақомҳои амрикоӣ дар бораи нооромиҳои ахири Эрон, дӯстона ва хайрхоҳона бо миллат нест.

Сайидаббоси Мӯсавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар нишасти ҳафтагӣ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ бо ишора ба иттифоқҳои нохушоянди ахир дар бархе аз шаҳрҳои Эрон, афзуд, нохушояндатар аз ин масъала мудохилаи кишварҳои бегона буд, ки Ҷумҳурии исломӣ онро маҳкӯм кард.

Мӯсавӣ бо баёни ин ки эътироз ҳаққи мардум буда ва ин масъала дар Қонӯни асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон тасреҳ шудааст, афзуд, ҳисоби иғтишошгарон ва сӯиистифодакунандагон аз бистари эътирозҳо ҷудост ва кишварҳое, ки дониста вориди ин мавзӯ шуданд бояд масъӯлияти ҳимоят аз иғтишошгаронро бипазиранд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар хусуси лағви муофиятҳои ҳастаии "Фурду" тавассути Амрико ва идомаи ҳамкориҳои Эрон ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣ гуфт: Амрико бо хурӯҷи ғайриқонӯнӣ аз БарҶом дар ҷойгоҳе нест, ки дар бораи тааҳҳудоти Эрон дар БарҶом сухан бигӯед, Амрико аз БарҶом хориҷ шуда ва наметавонад дар бораи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон изҳори назар кунад.

Мӯсавӣ дар бораи эътилофи дарёии Амрико дар Халиҷи Форс гуфт, амният воридотӣ ва хариданӣ нест, балки мабнои он мубтанӣ бар ҳамкории ҳамаи кишварҳо аст ва ҳар гуна вурӯд ва нақшофаринии кишварҳои бегона дар минтақа боиси афзоиши таниш ва ноамнӣ дар минтақа мешавад.

 

Барчасп