Ноябр 25, 2019 17:47 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоии мардуми Теҳрон дар маҳкумияти иғтишоши ошӯбгарон

​​​​​​​Мардуми Теҳрон рӯзи душанбе бо ҳузур дар хиёбонҳои пойтахти Эрон, иғтишоши ошӯбгаронро маҳкӯм карданд.

Мардуми Теҳрон дар ин роҳпаймоӣ, бо шиорҳои "марг бар Амрико" , " марг бар Исроил"," марг бар ошӯбгар", ҳимояти худро аз иқтидор ва амнияти Эрони исломӣ эълом карданд.

Мардуми Теҳрон ҳамчунин дар ин роҳпаймоӣ, шиорҳое дар ҳимоят аз баёноти раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ сардоданад ва инзиҷори худро аз иқдомоти ошӯбгарон дар осеб расондан ба амволи умумӣ эълом карданд.

Иҷрои тарҳи ислоҳи қиммати сӯхт (бензин) дар Эрон аз 15 ноябр, эътирози мусолиматомези мардумро дар Теҳрон ва бархе шаҳрҳои дигари Эрон ба ҳамроҳ дошт, аммо иддае ошӯбгари омӯзишдида бо ҳузур дар байни мардуми муътариз дар Эрон, ба амволи умумӣ ва шахсӣ ҳатто бонкҳо, бемористон ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва ҳамлу нақли умумии осеб ворид карданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ, 17 ноябр дар дарси хориҷи фиқҳ дар бораи масоили пешомада пас аз иҷрои тарҳи мудирияти масрафи сӯхт гуфтанд: Яқинан бархе мардум аз ин тасмим нигарон ва нороҳат мешаванд, аммо тахрибу оташ задан кори мардум нест, кор ашрор аст.

Мардуми шаҳрҳои мухталифи Эрон низ тайи рӯзҳои гузашта бо баргузории роҳпаймоӣ, зимни эъломи бароат(безорӣ) аз иғтишошгарон, аз амният ва иқтидори кишвар ҳимоят карданд.