Ноябр 26, 2019 14:12 Asia/Dushanbe
  • Беасар будани таҳримҳо дар рушди мубодилоти иқтисодии Эрону Русия

Вазири саноеъ ва тиҷорати Русия гуфт, ба рушди тиҷорати Русия ва Эрон таҳримҳо халале ворид нахоҳанд кард.

Денис Мантуров, вазири саноеъ ва тиҷорати Русия дар мусоҳиба бо сомонаи “Спутник” гуфт: “Ҳаҷми табодулоти тиҷории Эрону Русия дар соли 2018 на танҳо собит буд, балки рушди дударсадӣ дошт, аммо дар соли 2019 пӯёии мусбат ҳатто бештар шудааст: ирсолҳои мутақобил тайи 8 моҳ тақрибан 26 дарсад афзоиш дошта ва зимни ин ки 35 дарсад ирсоли таҷҳизоти мошинсози мо бештар шудааст".

Вазири саноат ва тиҷорати Русия бо ишора ба заминаҳои аслӣ, ки дар онҳо ҳамкории фаъоли байни Русия ва Эрон вуҷуд дорад, гуфт: “Наметавон ба ҳамкории муваффақи байни кишварҳои мо дар заминаи роҳи оҳан, кишоварзӣ, таҷҳизоти саноатӣ барои генераторҳо, тавлиди барқу саноати чӯб ишора накард, ширкатҳои русӣ дар заминаи мошинсозии сангин дар лоиҳаҳои мухталиф дар маҳдудаи Эрон машғуланд ва ин амр, бидуни шак, шарокати муштараки судманд аст".

Ба гуфтаи Мантуров, эҷоди минтақаи озоди тиҷорӣ байни Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ва Эрон имконоти ҷадидеро барои тавсеаи тиҷорати дуҷониба мегушояд. Вазири саноат ва тиҷорати Русия афзуд, ба таври муштарак бо шарикони эронӣ кори ҷиддиро барои эҷоди чорчӯби қонунии назорати лозим ба манзури тақвияти ояндаи таомулоти дуҷониба анҷом додаанд. Ӯ гуфт: “Дар ин тарҳ иҷроӣ шудани тавофуқи муваққат дар авохири моҳи октябр барои ташкили минтақаи озоди тиҷорӣ байни аъзои Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ва Эрон ба мо кумак кард”. Вазири саноат ва тиҷорати Русия хотирнишон кард, ки ҳузури намояндагии тиҷории Русия дар Теҳрон барои ҷазби ширкатҳои хурду мутавассит ба фаъолиятҳои иқтисодии хориҷӣ кумак карда ва дар марҳалаи аввал боиси иҷроӣ шудани лоиҳаи миллии ҳамкории байналмилалӣ ва содирот мегардад.

 

Барчасп