Эътирози Эрон ба Норвегия дар пайи оташ задани Қуръон дар ин кишвар
Дар пайи оташ задани Қуръон ба дасти раҳбари гурӯҳи ифротии "Sian" дар Норвегия, кордори сафорати ин кишвар дар Теҳрон дар набуди сафири Норвегия ба вазорати умури хориҷа Эрон эҳзор шуд.
Вазорати умури хориҷаи Эрон бо эҳзори кордори сафорати Норвегия дар Теҳрон, зимни эътирози шадид нисбат ба иқдоми зишти раҳбари гурӯҳи ифротии "Sian", дар бораи паёмадҳои хатарноки ин гуна иқдомот дар густариши ифротгароӣ ва хушунат ҳушдор дод.
Вазорати умури хориҷаи Эрон, ҳамчунин бо ишора ба ҷариҳадор шудани эҳсосоти мусалмонон дар саросари ҷаҳон тасреҳ кард, наметавон ба баҳонаи озодии баён, ба боварҳо ва муқаддасоти беш аз якуним миллиард мусалмон дар ҷаҳон иҳонат кард.
Вазорати умури хориҷаи Эрон аз давлати Норвегия хост, то аз такрори ин гуна иқдомоти фитнаангез ҷилавгирӣ ва бо авомили он бархӯрд кунад.
Кордори Норвегия дар Теҳрон низ бо таъкид бар интиқоли маротиби эътирози Ҷумҳурии Исломии Эрон ба давлати худ гуфт, давлати Норвегия худро мутааҳҳид медонад, ки аз амнияти мусалмонони сокини ин кишвар ҳимоят ва аз иқдомоти ифротӣ ва ихтилофафканона ҷилавгирӣ кунад.
Шанбеи гузашта ҷамъе аз гурӯҳҳои ифротии исломситез дар шаҳри Kristiansand-и Норвегия иқдом ба сӯзондани як Қуръон ва тавҳин ба китоби осмонии мусалмонон карданд, ки ин иқдом, вокуниши мусалмонони ҷаҳонро дар пай доштааст.