Мавозеи Эрон дар канфронси солонаи аъзои канвонсиюни силоҳҳои шимёӣ дар Лоҳа
(last modified Wed, 27 Nov 2019 09:32:27 GMT )
Ноябр 27, 2019 14:32 Asia/Dushanbe
  • Мавозеи Эрон дар канфронси солонаи аъзои канвонсиюни силоҳҳои шимёӣ дар Лоҳа

Бистучорумин нишасти канфронси солонаи азои канвонсиюни силоҳҳои шимёӣ дар маҳали иҷлосҳои байналмилаллии Лоҳаи Ҳоланд дар ҳоли баргузорӣ аст. Ин канфронс рӯзи душанбе оғоз ба кор кард ва то рӯзи ҷумъа ба кори худ идома хоҳад дод.

Ғуломҳусейн Деҳқонӣ ,намояндаи ҷумҳурии исломии Эрон дар ин иҷлос мавозеъ ва дидгоҳҳои Эронро дар мавриди силоҳҳои шимёӣ ташриҳ кард.

Муовини умури ҳуқуқӣ ва байналмиллалии вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар ҳошияи ин иҷлос ; рӯзи сешанбе дар дидор бо Алег Рязансов муовини вазири санойеъи Русия дар бораи роҳҳои густариши ҳамкории Теҳрон ва Маскав дар созмони манъи силоҳҳои шимёӣ гуфту гу каард. Зурурати поёдории ҳамаи кишварҳо ба конвонсиёни силоҳҳои шимёӣ аз мавзуъоти мавриди таъкид дар ин дидор буд. Деҳқонӣ пеш аз ин дидор низ  дар суханронии худ дар бистучорумин нишасти  канфронси канвонсиюни силоҳҳои шимёӣ, назорати ҳарчи бештари Созмони манъи силоҳҳои шимёӣ бар раванди нобуд кардани силоҳҳои шимёии Амрико ва режими Саҳюнистиро хостор шуда буд.

Эрон аз қурбониёни силоҳҳои шимёӣ аст ва дар ин замина таҷрибиёти талхе дорад. Яке аз паёмадҳои муҳақақ нашудани ҳадафҳои ин канвонсиюн ва назорати заъиф бар иҷроии мафоди он ; истифодаи васеъи режими Садом аз силоҳҳои шимёӣ дар ҷанги таҳмилӣ алайҳи Эрон аст. Дар ин ҳамлаҳои шимёии Ироқ ба Эрон беш аз сад ҳазор шаҳид ва маҷруҳ шуданд. Бисёре аз қурбониёни ин ҷиноятҳо дучори масдумиятҳои шадиди шимёӣ шуданд. Ранҷу дарди қурбониёни силоҳҳои шимёӣ ҳеҷгоҳи илтиём нахоҳад ёфт.

Прафесор Убен Ҳендрикс раиси озмоишгоҳи заҳр шиносии бемористони Донишгоҳи Гон Флондер дар шимол ғарби Белжик дар бораи таъсироти маргбори ин силоҳҳо мегуяд; Дар ҳамлаҳои шимёии Ироқ алайҳи Эрон аз таркиботи хатарнок ба сурати муҷазо ва бо фосилаи кӯтоҳ истифода шуд.

 Мавориди авалия ва таҷҳизоти сохти ин силоҳҳо тавассути беш аз 400 ширкати амрикоӣ ва аврупоӣ ба Ироқ ирсол шуда буд.

Канвонсюни манъи корбурди силоҳҳи шимёии CWC  севвуми сентиябри1992 пас  аз 20 сол музокира тасвиб шуд ва дар паи он Созмони манъи силоҳҳои шимёии ( OPCW )бо 192 узви дар соли 1997 бо шиори ҳамкори бо якдигар барои нел ба ҷаҳони орӣ аз силоҳҳои шимёӣ,расман кори худро оғоз кард.

Ин канвонсиюн аз 29 апрели соли 1997 лозимаи иҷро гардид. Бо вуҷуди тасвиби муъоҳидоти манъи тавлид ва истифода аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ ; ҳануз бархе кишварҳо аз ҷумла Амрико ба таъаҳудоти худ мутобиқи ин канвонсиюнҳо пойбанд нестанд ва бо  тафра рафтан аз амал ба таъаҳудот ; эътибор ва тамомияти ин канвонсиюнро дар маърази хатар қарор додаанд. Амрико дар бомбаборонҳои шимёии Ироқ алайҳи Эрон шарики ҷиноятҳои Садом буд ва дар замони ҷанги таҳмилӣ алайҳи Эрон бахусус дар бомбаборони шимёии Сардашт ва Ҳалабча муртакиби ҷиноятҳои ваҳшатноке шуд.

Ҳарчанд,ки дар корномаи ҷиноятҳои ҷангии Амрико собиқаҳои истифода аз  заҳрҳои шимёии маргбор дар ҷанги Ветнам низ вуҷуд дорад. Амрико дар идомаи ин раванд аз тавофуқномаи мубориза бо силоҳи шимёӣ ва Белжик низ хориҷ шудааст.

Дар вазъияти ошуфтаи кунунӣ,ки хатари ашаъаи силоҳҳои шимёии минтақа ва ҷаҳонро таҳдид мекунад ; режими Саҳюнистӣ низ бо суистифода аз ин ошуфтагӣ ва бо ҳимояти Амрико бо дар ихтиёр доштани захираҳои фаровони силоҳҳои куштори ҷамъӣ амният ва сулҳро дар минтақа мавриди таҳдид қарор додааст.

Мутаасифона Созмонҳои байналмиллалӣ дар ин замина ; нақши заифе доранд ва наметавонанд ба вазифаи худ дар муқобили ашоъадиҳандагони силоҳҳи куштори ҷамъӣ дар ҷаҳон бо қудрат амал кунанд. Ин дар шароите аст,ки ҷомиъаи байналмилал барои тадвин ва тасвиби канвонсиюни силоҳҳои шимёӣ талоши фаровоне карда, аммо иҷроии ин канвонсиюн дучори заъфҳои зиёде аст. Аз ин рӯст,ки ҷумҳурии исломии Эрон дар конфронси Лоҳа боридигар бар зарурати анҷоми тамоми иқдомҳои лозим аз суи кишварҳои узв барои иҷроии муъоҳидаи канвонсиюни манъи силоҳҳои шимёӣ таъкид кард.