Арманистон - пули иртиботии Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё
Бо ҳадафи муаррифии бештар ва интиқоли осонтари колоҳои тавлидии Эрон ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, маркази тиҷории Эрон ва АвруОсиё дар Арманистон ташкил мешавад.
Мартин Саргсян, раиси утоқи бозаргонии Арманистон рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо Ғуломҳусайни Шофеӣ, раиси утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии Эрон дар Теҳрон гуфт, ширкатҳои эронӣ метавонанд бо интиқоли бахше аз хатти тавлиди худ ба Арманистон, тавлидоти худро бидуни ҳазинаи гумрук, ба бозори АвруОсиё содир кунанд.
Бо пайвастани Эрон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як моҳ аз ин иқдоми муҳим мегузарад. Фурсатҳои ҷадиде барои ҳамкориҳои ду ва чандҷонибаи иқтисодӣ байни Эрон ва кишварҳои узви ин иттиҳодия фароҳам шудааст.
Иштирокҳои мавҷуд байни Эрон ва кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисоди АвруОсиё ва аз ҳама муҳимтар мавқеияти ҷуғрофиёии наздик, бозори ҷадиди минтақаиро барои ин кишварҳо фароҳам кардааст то ҳар ду тараф бо ҳамкории якдигар ба каридори Шимол - Ҷануб муттасил шаванд.
Пеш аз ин, тавофуқномаи эҷоди минтақаи озоди тиҷорӣ байни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 17 –уми май дар шаҳри Остонаи Қазоқистон имзо шуд.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомили панҷ кишвари Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Беларус аст ва дар чорчӯби тавофуқномаи имзошуда 502 маҳсулоти содиротии Эрон ба ин кишварҳо аз нархномаи тарҷеҳӣ бархурдор шудаанд.
Пайвастани Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Иттиҳоди АвруОсиё фурсати хуб ва бозори ҷадидеро барои бозаргонони эронӣ, бо ҳадафи тавсеаи муровидоти иқтисодӣ бо панҷ кишвари ин иттиҳодия кушудааст.
Ин фурсати ҷадид иртиботҳои ҷадиди дигареро барои бозаргонони эронӣ фароҳам мекунад то илова бар ҳузур дар бозори Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба фарох кардани иртиботи панҷ узви ин иттиҳодия бо манотиқи дигари иқтисодӣ, дар бозорҳои ҷадиди дигаре ҳузур ёбанд.
Дар чунин шароите, эҷоди маркази тиҷории Эрон ва АвруОсиё дар Арманистон маънои дучандоне пайдо мекунад. Зеро ба сабаби муносиботи хуби ду кишвар ва ҳазфи ҳазинаи гумрук барои содироти колоҳои эронӣ аз Арманистон, фароянди интиқоли колоҳои эронӣ ба Иттиҳоди иқтисоди АвруОсиё осон хоҳад шуд.
Иртиботи бозори 180 миллион ҷамъияти кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо бозори 83 миллионии Эрон, иртиботи муҳиме барои интиқоли колоҳои эронӣ ба бозорҳои ҷадид ва иртиботи панҷ узви ин иттиҳодия аз тариқи Эрон ба бозорҳои ҷануб дар халиҷи Форс ва дарёи Уммон аст.
Дар ҳамин замина, Ғуломҳусайни Шофеӣ, раиси утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодин ва кишоварзии Эрон гуфт, ҳамлу нақл ва транзит ҳавзае аст, ки метавон бо тамаркуз бар рӯйи он сатҳи муносиботи Эрон ва Арманистонро афзоиш дод ва кишварҳои минтақа АвруОсиёро ба бозори минтақа муттасил кард.
Иртиботи бозорҳои минтақаӣ фурсати ҷадиде пешорӯи кишварҳо бо ҳавзаи муштарак қарор медиҳад ва дар чунин фазое, ҳамкориҳои хуби Эрон ва Арманистон нуқтаи атфе дар равобити Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёст.
Арманистон дарвозаи вуруди Эрон ба бозорҳои ҷадиди иқтисодӣ ва Эрон низ дарвозаи вуруди кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба дигар манотиқи иқтисодӣ аст. Ба иборате Эрон ва Арманистон пули иртиботии каридори Шимол - Ҷануб ҳастанд.