Ноябр 30, 2019 17:58 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Эрон аз 70 сол сукути ҷаҳон дар баробари ҷиноятҳои саҳюнистҳо

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон 70 сол ишғолгарии режими саҳюнистӣ ва 70 сол сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари ҷиноятҳои ин режимро маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, саид Аббоси Мусавӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар пайёме ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳамбастагӣ бо миллати Фаластин, дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер навишт, ҳафт даҳсола аз бешармии режими саҳюнистӣ ва ҳафт даҳсола аз шармандагии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ишғол, террор, таҷовуз, риёкорӣ, ҷиноят, ғорат ва наслкушии режими саҳюнистӣ зидди фаластиниён мегузарад.

Дар 29 ноябри 1947 Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид, қатъномаи ноодилонаи тақсими Фаластинро тасвиб кард.

Дар майи 1948 саҳюнистҳо ҳатто ихтисоси ниме аз сарзамини Фаластинро ба сокинони аслии он таҳаммул накарданд ва бо ишғоли Фаластин, монеъ аз ташкили кишвари мустақили фаластинӣ то имрӯз шудаанд.

Ба ҳамин манзур   Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид, дар соли 1977 рӯзи 29 ноябрро ба унвони Рӯзи ҷаҳонии ҳамбастагӣ бо миллати Фаластин номгузорӣ кард.

Барчасп