Декабр 01, 2019 12:47 Asia/Dushanbe

Мусобиқоти байналмиллалии куштии озод ва фарангии Ҷоиза бузурги Маскав бо қаҳрамонии Русия ва ноибқаҳрамонии Эрон ба поён расид.

Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо; ин рақобатҳо бо ҳузури бартарин куштигирони вазнҳои олимпикӣ аз 15 кишвари ҷаҳон дар ҳоле ба поён расид, ки тимҳои куштии озод ва фарангии Русияи мизбон тавонистанд унвони қаҳрамонии ҳар ду риштаи ин мусобиқотро ба даст оварданд.

Тими миллии куштии озоди бузургсолони Эрон низ бо ду куштигир дар ин рақобатҳо ширкат карда буд, ки дар поён Аҳмад Базрӣ бо ғалаба бар ҳарифони худ ба финал роҳ ёфт, аммо натавонист Рамазонови мизбонро шикаст диҳад ва ба медали нуқра ва ҷоизаи 5 ҳазор долларии рақобатҳо даст ёфт.

Муҳаммадҳусайни Муҳаммадиён куштигири вазни 97 килограми Эрон низ пас аз шикаст дар даври дуввуми ин рақобатҳо аз дастёбӣ ба марҳилаи ниманиҳоӣ боз монд.  

Барчасп