Декабр 02, 2019 10:55 Asia/Dushanbe
  • Эрон шарике мутмаин барои АвруОсиё аст+ видео

Вазири нерӯи Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон ба иллати қарор гирифтан дар масири иртиботии байни кишварҳои Халиҷи Форс, метавонад шарике мутмаин ва муносиб барои АвруОсиё бошад.

Ба нақл аз ИРНО, Ризо Ардакониён вазири нерӯи Эрон дар ҳамоиши тиҷорат бо АвруОсиё афзуд, Эрон ва АвруОсиё баъд аз чандин сол музокира дар апрели имсол муваффақ ба имзои қарордоди муваққати тиҷорати озод шуданд ва талош мекунанд баъд аз се сол иҷрои озмоишӣ ин қарордодро ниҳоӣ кунанд.

Ардакониён ҳамгароии иқтисодӣ ба вижа бо кишварҳои ҳамсояро аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Эрон донист ва гуфт, Иттиҳодияи АвруОсиё намунаи хубе аз ҳамкории минтақаӣ ва сиёсати минтақагароӣ дар даҳсолаи ахир будааст.

Вазири нерӯи Эрон тасреҳ кард, Эрон ба унвони яке аз кишварҳои муҳими Ховари Миёна ва дорои мазияти ҳамсоягӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафғоз, метавонад манофеи ин даста аз кишварҳоро пайванд дода ва худ низ аз он баҳраманд шавад.

Дар нимаи нахусти имсол содироти Эрон ба кишварҳои узви АвруОсиё бо 52 дарсад рушд ба 490 миллион доллар расид ва воридоти Эрон аз аъзои ин иттиҳодия бо 3 дарсад коҳиш аз 792 ба 768 миллион доллар расидааст.