Декабр 02, 2019 17:02 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони умури хориҷаи Эрон ва Уммон

Вазири умури хориҷаи Эрон ва вазири умури хориҷаи Уммон дар Теҳрон дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши Идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии вазорати умури хориҷа, дар дидори рӯзи душанбеи Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ва Юсуф ибни Алавӣ, вазири умури хориҷаи Уммон дар Теҳрон, ду тараф дар бораи масоили мавриди алоқаи минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд. Ин сеюмин бор аст, ки вазири умури хориҷаи Уммон тайи 9 моҳи гузашта ба Теҳрон сафар кардааст.