Декабр 02, 2019 21:02 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: Таҳримҳои Амрико дар иродаи мардуми Эрон халале ворид накардааст

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, таҳримҳо таъсиргузор набуда ва дар иродаи мардуми Эрон халале ворид накардааст.

Саидаббоси Ироқчӣ, муовин сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон, ки ба Ҷопон сафар кардааст, рӯзи душанбе дар нишасти "иқдомоти қудратҳои калидӣ дар Ховари Миёна ва таъсири онҳо бар амнияти байналималилӣ" дар Токио афзуд, фишорҳо ва таҳримҳои Амрико зидди Эрон дорои қидмате ба тули Инқилоби Исломӣ аст, аммо бо ин ҳол Эрон аз бо суботтарин ва амнтарин кишварҳои минтақаи ғарби Осиё аст. Ироқчӣ бо баёни инки Эрон ба унвони як кишвари бузурги минтақаи ғарби Осиё, таъсиргузории зиёде дар ин минтақа дорад, тасреҳ кард, минтақаи ғарби Осиё беш аз ҳар замоне ба сулҳ ниёз дорад ва кишварҳои минтақа бояд худашон битавонанд амнияти минтақаро таъмин кунанд.

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба буҳронҳои минтақаи ғарби Осиё монанди ДИИШ, ҷанг дар Сурия, Яман ва нооромиҳои Ироқ ва Лубнон гуфт, ин буҳронҳо муттаассир аз дахолати бегонагон аз ҷумла Амрико дар минтақа аст. Ироқчӣ ба БарҶом низ ишора кард ва гуфт, БарҶом як тавофуқи сиёсии бурд - бурд буд, ки аз тариқи як тавофуқи созандаи байналамилалӣ бадаст омад.

Муовини сиёсии вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бомдоди душанбе (ба вақти маҳаллӣ) вориди Токио, пойтахти Ҷопон шуд.