Декабр 03, 2019 12:41 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури фаоли Эрон дар бозорчаи хайрияи депломатики Қазоқистон

Дувоздаҳумин бозорчаи хайрияи депломатик дар шаҳри Нурсултон пойтахти Қазоқистон бо ҳузури 53 намояндагии депломатик аз ҷумла Сафорати Эрон ва ҳамчунин чандин маркази фарҳангии байналмиллалии муқими ин кишвар баргузор шуд.

Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон низ ҳамчун солҳои гузашта ҳузури чашмгире дар ин бозорча дорад ва ғурфаи Ҷумҳурии исломии Эрон яке аз ғурфаҳои фаол дар ин бозорча аст, ки мавриди истиқболи густардаи ширкаткунандагон қарор гирифт.

Ба нақл аз ИРНО, дар ғурфаи Эрон саноати дастӣ, хушкбор, шириниҳои суннатӣ ва ғизоҳои миллии эронӣ дар маърази намоиш ва фуруш гузошта шуд.

Фоидаҳои ҳосил аз ин бозорча барои кумак ба беморони хос, ниёзмандон ва ақшори камдаромад сарф хоҳад шуд.

Ин бозорча ҳарсола қабл аз оғози соли нав ва ба ибтикори Анҷумани ҳамсарони муқим дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мешавад.