Декабр 04, 2019 17:27 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Боқирӣ: Бозигарони минтақаӣ таҳаммули равобити дӯстонаи Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷонро надоранд

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, бозигарони минтақаӣ таҳаммули равобити дӯстонаи Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷонро надоранд.

Сардори сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар дидори Шоҳин Мустафоев, муовини нахуствазири ҷумҳурии Озарбойҷон дар Теҳрон афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон равобит байни мардум ва нерӯҳои мусаллаҳи мусулмони ду кишварро аз авлавиятҳои роҳбурдии худ медонад.

Шоҳин Мустафоев, муовини нахуствазири ҷумҳурии Озарбойҷон низ дар ин дидор бо тамҷид аз мавозеъ ва дидгоҳҳои раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, ин дидгоҳҳоро мӯҷиби таҳкими равобити бародарона байни ду кишвари ҳамсоя бо таъриху фарҳанги муштарак донист.

Густариш ва тавсеаи ҳамаҷонибаи ҳамкории амниятӣ ва дифоӣ ва зарурати таъмиқ ва таҳкими он бо нигоҳе роҳбурдӣ аз мавзӯоте буд, ки сарлашкар Боқирӣ ва Мустафоев онро дар ин дидор баррасӣ карданд.

Шоҳин Мустафоев, муовини нахуствазири ҷумҳурии Озарбойҷон, ки ба Теҳрон сафар кардааст, илова бар дидор бо сарлашкар Боқирӣ, бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон низ гуфтугӯ кардааст.