Декабр 04, 2019 19:11 Asia/Dushanbe
  • Cолрӯзи валодати имом Ҳасани Аскарӣ (а) муборак бод

Панҷшанбеи ҳаштуми рабеуссонӣ, баробар бо панҷуми декабри 2019 –и мелодӣ, солрӯзи мелоди имом Ҳасани Аскарӣ (а) аз наберагони поки расулуллоҳ (с) аст.

Мардуми Эрон дар солрӯзи мелоди ин набераи паёмбар (с) шаҳрҳои худро озин баста ва бо пахши шириниву шарбат ин рӯзи бузургро ҷашн мегиранд.

Ҳазрати имом Ҳасани Аскарӣ (а ) дар ҳаштуми рабеуссонии 232 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина дида ба ҷаҳон кушуданд.

Ин имоми ҳумом бо табйини андешаҳои исломӣ ва радди шубҳаҳои динӣ, дар ҳифзу густариши дини Ислом ҳиммат гумоштанд ва бо табйини амалкарди мусулмонон дар замони имомати ҳазрати Маҳдӣ, ононро барои давраи ғайбати охирин имоми маъсум омода карданд.

Имом Ҳасани Аскарӣ муфассири беназири Қуръони маҷид буданд ва дар тӯли даврони пешвоии мусулмонон, шеваи саҳеҳи тафсири ин китоби осмониро барои мардум равшан ва бо башорати омадани мунҷии мавъуд, мусулмононро ба дастёбӣ ба ормонҳои волои Ислом умедвор карданд.

Имом Ҳасани Аскарӣ (а) дар давраи кӯдакӣ аз сарчашмаи дониши падари худ - имом Ҳодӣ (а) баҳраманд шуданд ва дар 22 солагӣ бо шаҳодати эшон, рисолати сангини раҳбарии мусулмононро ба муддати 6 сол то ҳангоми шаҳодати хеш бар ӯҳда гирифтанд.

Даврони зиндагии ин сулолаи поки набӣ (с) ҳамзамон бо ҳукумати хулафои Аббосӣ - ҳамчун Муътаз, Муҳтадӣ ва Муътамид буд, бинобарин он воломақом бо вуҷуди маҳдудият, бо тадбир ва омӯзишҳои саҳеҳ, бар огоҳӣ ва инсиҷоми мусулмонон афзуданд. Радиои тоҷикии Садои Хуросон мелоди босаодати ҳазрати имом Ҳасани Аскарӣ (а) -ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон табрик ва таҳният мегӯяд.