Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар остонаи ҳамкории фазоӣ
Вазири иртиботот ва фанноварии иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори Рашод Набиев, раиси Ожонси фазоии ҷумҳурии Озарбойҷон дар Боку бар оғози ҳамкориҳои муштараки ду кишвар дар ҳавзаи фазоӣ таъкид кард.
Муҳаммадҷавод Озарии Ҷаҳрамӣ дар ин дидор бо ишора ба тамоюли Эрон барои оғози ҳамкории муштарак бо ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳавзаи фазоӣ гуфт, дониши фазоӣ ва сохти моҳвора аҳдофи мухталифе дорад, ки илзоман иқтисодӣ нест.
Вазири иртиботот ва фанноварии иттилооти Эрон бо баёни ин ки бахши аъзами иқтисоди оянда ба ҳавзаи фазоӣ тааллуқ дорад изҳор дошт, Эрон бо як барномарезии 20 сола, ки 10 сол аз он гузашта, тасмим гирифтааст дар ин ҳавза танҳо масрафкунанда набошад.
Озарии Ҷаҳрамӣ гуфт, тавсеаи санъати фазоӣ барои Эрон зарурати роҳбурдӣ аст.
Вазири иртиботот ва фанноварии иттилооти Эрон бо таъкид бар ин ки Эрон дар робита бо ҳавзаи фазоӣ аз ҳар навъ ҳамкорӣ истиқбол мекунад, гуфт, созмони фазоии Эрон ин омодагиро дорад то заминаи ҳамкории муштарак бо Ожонси фазоии ҷумҳурии Озарбойҷонро фароҳам намояд.
Рашод Набиев, раиси Ожонси фазоии ҷумҳурии Озарбойҷон низ дар ин дидор бо ибрози хушнудӣ аз тамоюли Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳамкорӣ бо ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳавзаи фазоӣ таъкид кард, Боку аз шаклгирии ҳамкории муштарак истиқбол мекунад.
Вазири иртиботот ва фанноварии иттилооти Эрон бомдоди сешанбе ба манзури ширкат дар намоишгоҳи байналмилалии “Бокутел- 2019” вориди пойтахти ҷумҳурии Озарбойҷон шуд.
Биступанҷумин намоишгоҳи байналмилалии фанноварии иттилооти “Бокутел– 2019” аз рӯзи сешанбе дар Боку оғоз шуда ва то рӯзи ҷумъа идома хоҳад дошт.
Дар ин намоишгоҳ 238 ширкат аз 23 кишвар, аз ҷумла Эрон ҳузур доранд.