Декабр 05, 2019 19:07 Asia/Dushanbe
  • Раиси ЮНЕСКО дар Теҳрон: Мавзӯи об чолиши ҷаҳонӣ аст

Раиси маркази минтақаии ЮНЕСКО дар Теҳрон гуфт, мавзӯи об, як чолиши ҷаҳонӣ аст ва бояд бо ҳамкорӣ ва шабакасозӣ онро ҳал кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва  симо, Ветон Ватасковский дар ҳошияи даҳумин иҷлоси Шӯрои ҳуккоми Маркази минтақаии мудирияти оби шаҳрӣ афзуд, ҳузури беш аз 20 ҳайати баландпоя, 10 созмони байналмилалӣ ва чандин созмони ҳимояткунандаи молӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳукком нишон медиҳад, ки мавзӯи об як чолиши ҷаҳонӣ аст.

Раиси Маркази минтақаии ЮНЕСКО дар Теҳрон таъкид кард, мавзӯ фақат каммияти об нест, балкӣ кайфияти об ҳам муҳим аст ва дастрасии ба оби ширин ва солим яке аз масъулиятҳое аст, ки бояд бо ҳамкорӣ ва баргузории нишастҳои чун Шӯрои ҳуккоми марказ онро ҳал кард.

Даҳумин иҷлоси Шӯрои ҳуккоми Маркази минтақаии мудирияти оби шаҳрӣ имрӯз (панҷшанбе), бо ҳузури мақомот ва вазирони бахши оби 15 кишвар дар Теҳрон оғоз шуд. Намояндагоне аз Туркия, Ироқ, Уммон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Сурия, Ҳинд, Арманистон, Лубнон, Покистон, Бангладеш, Афғонистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва бархе созмонҳои фаъол дар ҳавзаи об, мустақар дар Швейтсария ва Олмон дар ин иҷлос ҳузур доранд. Ҷумҳурии Исломии Эрон мубтакири аслии баргузории ин иҷлос аст.

 

 

Барчасп