Адолати қурбонии сиёсат дар Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i48908-Адолати_қурбонии_сиёсат_дар_Амрико
Аз авохири октябри соли 2018, доктор Масъуди Сулаймонӣ устоди барҷаста ва муҳаққиқи эронӣ дар заминаи таҳқиқоти селулҳои бунёбӣ дар як зиндони федерали Иёолоти Муттаҳидаи Амрико маҳбус аст. Сулаймонӣ барои анҷоми таҳқиқот дар клиники машҳури Маё бо визаи муътабари J-1 ба Амрико рафт, аммо вай дар бадви вуруд дастгир ва ба надоштани иҷозатномаи лозим барои воридоти чандин маҳсули рушди инсонӣ муттаҳам шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 07, 2019 14:55 Asia/Dushanbe
  • Адолати қурбонии сиёсат дар Амрико

Аз авохири октябри соли 2018, доктор Масъуди Сулаймонӣ устоди барҷаста ва муҳаққиқи эронӣ дар заминаи таҳқиқоти селулҳои бунёбӣ дар як зиндони федерали Иёолоти Муттаҳидаи Амрико маҳбус аст. Сулаймонӣ барои анҷоми таҳқиқот дар клиники машҳури Маё бо визаи муътабари J-1 ба Амрико рафт, аммо вай дар бадви вуруд дастгир ва ба надоштани иҷозатномаи лозим барои воридоти чандин маҳсули рушди инсонӣ муттаҳам шуд.


Мансура Муваҳидин раиси донишкадаи пизишкии донишгоҳи тарбият мударис дар ин робита мегуяд:


Эҳсони Ҷавондуст донишҷӯи доктор Сулаймонӣ мегуяд:

Ҳама ин воқеиятро медонанд, ки ӯ дар риштаи мутолиотиаш дар заминаи ҳимотологӣ ва селулҳои бунёдин яке аз маъдуд ашхосест, ки кишвар дар ҳоли ҳозир дорад.

Идомаи боздошти донишманди эронӣ дар Амрико, масоили печидаеро дар бораи ангезаҳои сиёсии боздоштҳо дар Амрико эҷод кардааст. Муҳимтарини онҳо ин аст, ки Амрико таҳти чи шароите ашхосеро ба далелҳои сиёсӣ шиносоӣ, дастгир, боздошт, сӯистифода мекунад ва саранҷом озод мекунад?

Устод Масъуди Сулаймонӣ ҳамакнун дар боздоштгоҳе дар ҷануби  Атланта зиндонӣ аст. Шавоҳиди ғайриқобили инкоре вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад устод Сулаймонӣ дар доми FBI афтода ва ин созмон аз мавқеияти боздиди вай аз клиники муътабари Маё дар Минсута сӯистифода кардааст. Ончунон, ки дар мадракҳои бозҷӯии Марями Ҷазоирӣ яке аз донишҷӯёни пешини устод Сулаймонӣ, ки дар шашуми сентябри 2016 боздошт ва бозҷӯӣ шуд нишон додааст, доктор Сулаймонӣ камаш барои ду сол таҳти назари Амрико будааст. Ин ду сол пеш аз он буд, ки устод Сулаймонӣ дар октябри 2018 дар вуруд ба Амрико дастгир шуд.

FBI ба муддати ду сол дар ҳоли омодасозии парванда барои устод Сулаймонӣ будааст. Ин савол матраҳ аст, ки чаро ва ба чи манзуре? ҳамчунин саволоти бештаре низ матраҳ аст: Ин падида чиқадар густарда аст ва давлати Амрико бо ба дом андохтан, боздошт ва сӯистифода аз зиндонӣ кардани ашхосе монанди устод Сулаймонӣ умедвор аст чи чизеро ба даст оварад?

Аз замони вуқуи инқилоби исломии Эрон дар соли 1979 давлати Амрико  эрониёнро ба далелҳои сиёсӣ зиндонӣ кардааст. Аҳмад Шайхзода яке дигар аз ин маворид аст, ки дорои мадраки дипломи Сурх аз донишгоҳи Коломбия аст, ки дар мақтаъҳое дар чорчуби маъмуриятҳои Созмони Миллал дар Эрон кор кардааст. Дар марти 2016 FBI ба Аҳмад Шайхзода пешниҳоди ҳамкорӣ дод. Аммо вақте ӯ пешниҳоди FBI-ро рад кард, ба нақзи умури гумрукӣ, пулшӯӣ ва тавтеа барои нақзи таҳрими Амрико зидди Эрон муттаҳам шуд. Гарчи таҳқиқот алайҳи Шайхзода пешниҳод ба натиҷаҳои дилхоҳи FBI мунҷар нашуд, ӯ ниҳоятан ба се моҳ зиндон ба иттиҳоми қаллобии молиётии кучак маҳкум шуд. Ин парванда нишон медиҳад. ки чигуна давлати Амрико ва ба хусус қувои қонунии федерал аз ҷумла FBI, эрониёнро барои манофеи сиёсӣ ҳадаф қарор медиҳанд.

Баҳроми Қосимӣ сухангӯи вақти Вазорати хориҷаи Эрон мегуяд:

Шайхзода қурбонии амалиёти пушише номувафақ ба хотири худдории вай аз пешниҳоди ҳамкории FBI буд. Аммо ин монеъ аз талоши давлати Амрико барои баҳрабардорӣ аз ӯ ба манзури ба даст овардани датовизе сиёсӣ ва стратегии зидди Эрон нашуд.

Аббоси Мусавӣ сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон мегуяд:


Давлати Амрико на танҳо эрониҳоро худсарона дастгир ва зиндонӣ мекунад, балки дар ҳақиқат аз дархости худ барои истирдоди ашхосе, ки мехоҳад ба унвони бахше аз стратегии густардатари зидди эронии худ боздошт кунад, фаротар меравад. Охирин парвандаи машҳур дар ин замина марбут ба хонуми Нигори Қудсканӣ шаҳрванди эроние аст, ки дар Австралия дар июни 2017 ба хости Вазорати додгустарии Амрико дастгир шуд. Монанди бисёре дигар аз шаҳрвандони эроние, ки таваҷҷуҳи мақомоти амрикоиро ҷалб карданд Қудсканӣ ҳам ба нақши таҳримҳо муттаҳам шуд.

Дар павандаи Қудсканӣ фишори Амрико ба қадре зиёд буд, ки австралияиҳо ҳеҷ интихобе ҷуз таслим шудан ба хостаҳои Амрико ва истирдоди ӯ ба Амрико дар июли 2019 надоштанд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Австралия медонистанд Қудсканӣ аз назари саломатӣ дар вазъияти заифе аст ва дар замони дастгирии вай ҳомиладор будааст. Қудсканӣ  дар замони боздошт дар зиндоне дар Австралия зоймон кард. Қудсканӣ дар сентябр баъд аз ин ки мақомоти Амрико ба ин натиҷа расиданд, ки дигар ӯ истифодаи сиёсӣ надорад, озод шуд. Қобили зикр аст, ки Созмони интизомӣ ва амниятии Амрико танҳо эрониёнро ба далелҳои сиёсӣ дастгир намекунанд. Дар воқеъ давлати Амрико ҳамвора шаҳрвандони давлатҳоеро, ки масоили ҷиддӣ бо онҳо дорад ҳадаф қарор медиҳад. Ин шомили ҳоли шаҳрвандони Русия, Куба, Венесуэла, Сурия, Лубнон ва дигар кишварҳо низ мешавад. Яке аз парвандаҳои машҳури ахир парвандаи шаҳрванди русӣ ба номи Мария Бутина буд, ки дар июли 2018 дастгир ва ба тавтеа зидди Амрико муттаҳам шуд. Нозирон таъкид карданд, ки боздошти Бутина дар замоне руй дод, ки равобити Амрико- Русия дар ҳоли суқути озод буд. Бутина дар октябри 2019 пас аз тай кардани 18 моҳ дар зиндонҳои Амрико озод шуд.

Мария Захарова сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия дар он замон гуфт, ҳамватани мо ба маънои воқеии калима маҷбур шуд номаҳоро бо иттиҳомоти масхара имзо кунад. Мо салоҳияти боздошт ва ҳабси Мария Бутинаро ба унвони фишори сиёсӣ ба унвони як амали боҷхоҳии сиёсӣ ва худи ӯро ба унвони як зиндонии сиёсӣ арзёбӣ мекунем. Мо мутақоид шудаем, ки парвандаи ҷиноии Мария Бутина сирфан бо тааҳуди бархе нерӯҳои сиёсии Амрико барои ташвиқи ҳистрии зидди русӣ ва Русияҳаросӣ дар иртибот аст.


Аммо бо ин зиндонёни сиёсӣ чи рафторе мешавад ва онҳо бо чи шароите зиндагӣ мекунанд? Нина Бравн узви Ҷунбиши Ҷерика (Jericho Movement) ва Эътилофи Посух (ANSWER Coalition) дар мусоҳиба бо шабакаи Ахбори воқеӣ (Real News Network) гуфт, зиндониёни сиёсии Амрико фаромушшуда ҳастанд  дар ҳоле, ки онҳо талош мекунанд дар оби ифлос зинда бимонанд.

Нина Бравн узви Ҷунбиши Ҷерико ва Эътилофи Посух мегуяд: зиндониён дар маърази нушидани оби олуда ва истеҳмом бо оби сиёҳ ва қаҳваранг ҳастанд. Онҳо дар ҳоле, ки зиндониён маҷбур ба кор кардан ҳастанд, бархе вақтҳо ночоранд оби хокистарӣ, ки сатҳи болое аз магназиюм ва оҳан ва дигар маводи хатарноки химияиро дорад бинушанд дар ғайри ин сурат онҳо бо селули инфиродӣ ва дигар шиканҷаҳои қуруни вустоӣ ру ба ру мешаванд. Ин дар ҳолест, ки сагҳои нигаҳбон машғули нушидани оби тамиз ҳастанд. Бинобарин дар инҷо  мисоли равшане аз нақзи фоҳиши ҳуқуқи башар вуҷуд дошт.

На танҳо боздоштҳо ва зиндонӣ кардан бо ангезаи сиёсӣ, вижагии сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида аст, балки созмонҳои амрикоӣ ва ба хусус Вазорати додгустарӣ, барои розӣ кардани мақомот ва созмонҳои маҳаллӣ иқдом ба дастгирӣ бо ангезаҳои сиёсӣ мкунанд. Яке аз ин дастури корҳо ҷанг алайҳи террор аст, ки фишорҳои зиёдеро бар созмонҳои амрикоӣ барои тавлиди натиҷа ворид мекунад. Ба унвони бахше аз ин роҳбурд,   FBI амалиёти Ниш-ро эҷод карда ва бар асоси он ашхосро ба иттиҳоми дахолат дар терроризм ба дом меандозад. Дар бисёре аз маворид ашхоси одӣ ва осебпазири ҷомеа ба таври мустамар ҳадафи ҷосусии FBI ва хабарчинон қарор мегиранд ва ба аъмоли террористӣ савқ дода мешаванд. Бар асоси як гузориш беш аз 300 нафар қурбонии амалиёти Ниш-и FBI таҳти унвони мубориза бо террор шудаанд, то аҳдофи сиёсии созмонҳои Амрико таъмин шавад. Ба назар мерасад, ки на хориҷиҳо ва на амрикоиҳо аз бозҷӯиҳои сиёсии давлати Амрико дар амон нестанд. Шубҳае нест. ки адолат ва озодӣ, ки иддао мешавад Амрико бар пояи онҳо бино ниҳода шудааст, қурбониёни мустақими ин руйкард ҳастанд.